Дар оғози мулоқот меҳмони олимақом ба роҳбари кишвари мо саломи самимӣ ва таманноҳои гарми Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиевро расонд.
Масъалаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки робитаҳо дар ҳамаи сатҳҳо фаъоланд, мубодилаи мол мунтазам меафзояд ва ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика муваффақона ҷараён дорад.
Аҳамияти пешбарии лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои нафту газ, корҳои геологию ҷустуҷӯӣ, рушди энергияи «сабз» ва саноати кимиё таъкид гардид.








