Президенти Ӯзбекистон ба Озарбойҷон омад

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари корӣ ба ин кишвар омад.

    Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Габала роҳбари Ӯзбекистонро вазири фарҳанги Озарбойҷон Адил Керимли, сарвари ҳокимияти иҷроияи ноҳияи Габала Сабӯҳӣ Абдуллаев ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

    Тибқи барномаи сафари корӣ, пагоҳ, 7 октябр, сарвари давлати мо дар чорабиниҳои расмии саммити Созмони давлатҳои турк иштирок хоҳад кард.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates