Президенти Ӯзбекистон Президенти Қазоқистонро бо пирӯзӣ дар интихоботи умумимиллӣ табрик гуфт

    Ҳукумат 21 Noyabr 2022 3964

    21 ноябр Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Сарвари давлатамон Қосим-Жомарт Тоқаевро ба муносибати бомуваффақият баргузор шудани интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва ба даст овардани пирӯзии эътимодбахш самимона табрик гуфт.

    Масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои некҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ўзбекистону Қозоқистон баррасӣ шуданд.

    Ба омодагии вохӯриҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ диққати махсус дода шуд.

    Аҳамияти густариши ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз қабили тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёту логистика, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъкид гардид.

    Инчунин оид ба масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates