Мулоқоти телефонии Президенти Ӯзбекистон ва Нахустин Президенти Қазоқистон ба амал омад

    Ҳукумат 20 Sentabr 2021 3645

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 сентябр бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Элбошӣ Нурсултон Назарбоев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Ҳолат ва пешомади рушди муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ шарикии стратегии Ӯзбекистону Қазоқистон баррасӣ шуданд.

    Динамикаи баланди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва ҳамлу нақли бор афзоиш ёфта, ҳаракати ҳавоӣ пурра барқарор карда шуд. Лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод бомуваффақият амалӣ мешаванд. Аҳамияти минбаъдаи таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ ва табодули фарҳангиву гуманитарӣ таъкид шуд.

    Инчунин бо назардошти вазъи Афғонистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates