Президенти Ўзбекистон Нахустин Президенти Қазоқистонро табрик кард

    Ҳукумат 6 Iyul 2022 4489

    6 июл Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Дар оғози суҳбат сарвари давлатамон Нурсултон Назарбоевро ба муносибати рӯзи таваллудаш самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандӣ, бахту саодат ва комёбиҳо таманно намуд.

    Дар рафти суҳбат динамикаи баланди рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистон дар тӯли солҳои охир қайд гардид.

    Доир ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

    Нахустин Президенти Қазоқистон барои табрик ба сарвари Ӯзбекистон гарму ҷӯшон арзи сипос намуда, ба идомаи пайвастаи ислоҳоти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар кишварамон изҳори боварӣ кард.

    Дар анҷоми мулоқот Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев ба муносибати фарорасии Иди муқаддаси Қурбон муборакбодиҳояшонро ба ҳам дида, ба ду халқи бародар сулҳу шукуфоии минбаъда таманно намуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates