Президенти Ӯзбекистон бо сафари расмӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб меравад

    Ҳукумат 11 Yanvar 2025 3768

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад бин Зоид Ал Наҳайён 13-16 январ бо сафари расмӣ ба ин кишвар меравад.

    Дар барномаи сафар баргузории мулоқотҳо ва чорабиниҳо дар шаҳрҳои Абӯ-Дабӣ ва Дубай дар назар аст.

    Дар пойтахти Аморат сарвари давлати мо бо Президенти Аморат Шайх Муҳаммад бин Зоид Ал Наҳайён гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом дода, бо роҳбарони ташкилотҳои бузурги давлатӣ, ширкатҳо ва бонкҳои кишвар мулоқот мекунад. Ҳамчунин, дар кори саммити байналмилалии «Ҳафтаи рушди устувори Абӯ-Дабӣ» иштирок хоҳад кард.

    Дар шаҳри Дубай вохӯрӣ бо муовини президент, Сарвазири Аморати Муттаҳидаи Араб ва Амири Дубай Шайх Муҳаммад бин Рашид Ал Мактум дар назар дошта шудааст.

    Дар рӯзномаи сафари расмӣ масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии гуногунҷанбаи Ӯзбекистон ва Аморат, ҳамкории амалии густурда дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла сармоягузорӣ, энергетикаи «сабз», инфрасохтор, рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ, рушди инноватсионӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо, баррасӣ мешаванд. Ба фаъолсозии мубодилаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

    Ҳамчунин, масъалаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ мегарданд.

    Дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ қабул шудани бастаҳои муҳими созишномаҳо пешбинӣ мешавад, ки ба рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду давлат нигаронида шудаанд.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates