Президенти Ӯзбекистон бо сафари расмӣ ба Чин рафт

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Си Сзинпин 30 август бо сафари расмӣ ба ин кишвар рафт.

    Мувофиқи барномаи буду бош 31 август – 1 сентябр дар шаҳри Тянтсзин Сарвари кишвари мо дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқот дар формати «СҲШ плюс» иштирок мекунад.

    Дар ҷараёни чорабиниҳо масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба дар доираи СҲШ дар самтҳои афзалиятнок ва такмили фаъолияти созмон баррасӣ хоҳанд шуд.

    Қабули Эъломияи Тянтсзин, санадҳо ва қарорҳои муштарак низ дар назар аст.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates