Дар ҷараёни мулоқот ҷанбаҳои амалии татбиқи лоиҳаи сохтмони неругоҳи атомии ҳамгиро дар кишвари мо, инчунин масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки моҳи октябри соли гузашта корҳои гузоштани таҳкурсии бинои реактори аввали иқтидори хурд оғоз ёфтанд. Ҳамзамон корҳои тарҳрезии неругоҳ идома доранд.

Дар заминаи филиали амалкунандаи Донишгоҳи миллии тадқиқотии ҳастаии «МИФИ» дар шаҳри Тошканд моҳи декабри соли гузашта мактаби пешқадами муҳандисӣ оид ба энергетикаи атомӣ ва технологияҳои ҳастаӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Инчунин ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи татбиқи технологияҳои ҳастаӣ дар кишоварзӣ ва тиб, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои соҳа, рушди илм ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.