Президенти Ӯзбекистон раҳбари Русияро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихоботи президентӣ табрик гуфт

    18 март дар рафти мулоқоти телефонӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихоботи президентӣ самимона табрик гуфта, ба ӯ комёбиҳои минбаъда таманно намуд.

    Сарвари давлатамон махсусан қайд намуд, ки иштироки баланди интихобкунандагон ва натиҷаҳои овоздиҳӣ эътимоди бузурги русиягиҳоро ба Президенти кунунии кишвар, дастгирии васеи онҳоро аз роҳи сиёсӣ ва ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ бори дигар собит кард.

    Сатҳи баланди имрӯзаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Русия бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуд.

    Имрӯз ҳаҷми муомилоти моли мутақобила бо суръати устувор меафзояд, лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт амалӣ мегарданд, робитаҳои кооператсионии корхонаҳои пешқадам, доираҳои соҳибкорӣ ва минтақаҳо таҳким меёбанд. Мубодилаи фаъоли маданию гуманитарӣ ба амал меояд.

    Моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд Намоишгоҳи навбатии байналмилалии саноатии “INNOPROM” баргузор мешавад, ки он платформаи муассир барои пешбурди шаклҳои нав ва лоиҳаҳои истиқболноки ҳамкорӣ гардидааст.

    Зимни суҳбати телефонӣ инчунин ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ баррасӣ шуд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates