Президенти Ӯзбекистон ҳайати ВКД-и Русияро қабул кард

    Ҳукумат 25 Iyun 2024 969

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 июн вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколсевро, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дорад, қабул кард.

    Сарвари давлатамон дар оғози суҳбат ба наздикону пайвандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар натиҷаи ҳамлаи террористии ба қарибӣ дар Доғистон содиршуда ҷон бохтанд, изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият намуд.

    Масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилгардида баррасӣ шуданд.

    Ҷанбаҳои кунунии ҳамкориҳои минбаъда оид ба мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил, инчунин дар соҳаи киберамният ва экспертизаи рақамӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

    Ба масъалаҳои баланд бардоштани самарабахшии механизмҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират таваҷҷуҳи махсус дода шуд.