Дар доираи барномаи будубош дар шаҳри Душанбе Сарвари давлати мо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон музокирот анҷом дод.
Президент Шавкат Мирзиёев ҳамчунин дар Ҳамоиши дуюм дар формати “Осиёи Марказӣ – Русия” ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.
Роҳбари Ӯзбекистон бо як қатор ташаббусҳо баромад кард, ки ба густариши ҳамкориҳои амалии бисёрҷониба ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ нигаронда шудаанд.
Пас аз анҷоми чорабиниҳои сафар дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Сарвари давлати мо ба шаҳри Тошканд баргашт.











