Президенти Ӯзбекистон бо роҳбарони ширкатҳои турк мулоҳот кард

    Ҳукумат 28 Iyun 2024 910

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 28 июн ҳайати ширкатҳои туркии «Cengiz holding» ва «Kalyon holding»-ро зери роҳбарии раисони онҳо Меҳмет Ченгиз ва Ҷамол Калёнҷу қабул кард.

    Масъалаҳои минбаъд вусъат додани ҳамкории муфиди тарафайн, аз он ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба инкишоф ва такомули соҳаҳои иқтисодиёти мамлакатамон баррасӣ гардиданд.

    Ҷамъбасти ҷамъомади Шӯрои кории Ӯзбекистону Туркия, ки дар ҷараёни ташрифи чанде пеш баргузоргардидаи Президенти Ӯзбекистон ба Анқара ба вуқӯъ пайваста буд, бо қаноатмандӣ таъкид гардид. Ногузирии ҳарчи зудтар татбиқ намудани шартномаҳои бадастомада таъкид шуд.

    Аз ҷониби ширкатҳо нақша оид ба татбиқи лоиҳаҳои истиқболнок пешниҳод гардид.

    Такомул ва сохтмони инфрасохтори роҳ, ба вуҷуд овардани иқтидорҳои энергетикаи «сабз», муштаракан баргузор намудани кофтуковҳои геологӣ ва азхуд намудани маҳалҳои истихроҷи истиқболнок аз ҷумлаи инҳо мебошанд.

    Бояд таъкид кард, ки бо иштироки «Cengiz holding» дар Ӯзбекистон ду лоиҳа – неругоҳҳои барқии замонавӣ дар вилоятҳои Тошканд ва Сирдарё ба иқтидори умумии 460 мегаватт бомуваффақият ба итмом расонда шудааст. Сохтмони боз як неругоҳи барқӣ дар вилояти Ҷиззах бо иқтидори бештар аз 500 мегаватт идома дорад.


    No date selected
    June 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates