Президенти Ўзбекистон Раиси Милли Кенгаши Халқ Маслаҳатии Туркманистонро табрик кард

    Ҳукумат 29 Iyun 2022 5159

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 июн бо Раиси Милли Кенгаши Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Дар оғози суҳбат Сарвари давлатамон Гурбангули Бердимуҳамедовро бо 65-солагии зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, рӯзгори осуда ва муваффақият, ба халқи бародари Туркманистон сулҳу шукуфоӣ таманно намуд.

    Саҳми бузурги Гурбангули Бердимуҳамедов дар ташаккули Туркманистони замонавӣ ва баланд бардоштани нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистон махсусан қайд гардид.

    Масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар дар заминаи омодагӣ ба сафари дарпешистодаи Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.

    Ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату саноат, нақлиёту логистика, энергетика, кишоварзӣ, инчунин фаъолсозии робитаҳои байниминтақавӣ ва табодули фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

    Ҳамчунин доир ба ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла оид ба масъалаҳои мусоидат ба сулҳи пойдор ва эҳёи иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.

    Роҳбари Ӯзбекистон самимона бомуваффақият баргузор намудани ҳамоиши шашуми ҳавзаи Ҳазарро, ки имрӯзҳо дар пойтахти Туркманистон сурат мегирад, таманно кард.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates