Президенти Ӯзбекистон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистонро пазируфт

    Ҳукумат 14 Sentabr 2021 4403

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 сентябр муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Эсенмират Оразгелдиевро, ки дар мамлакати мо дар доираи баргузории ҷамъомади комиссияҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ қарор дорад, пазируфт.

    Ҷанбаҳои амалии густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Туркманистон баррасӣ шуданд.

    Бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки робитаҳои мунтазам дар сатҳи олӣ ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии ду кишвари бародар мусоидат намуда, онҳоро бо мундариҷаи мушаххас ғанӣ мегардонанд.

    Эсенмират Оразгелдиев ба роҳбари Ӯзбекистон барои пазироии гарму самимӣ миннатдорӣ изҳор намуда, салом ва орзуҳои беҳтарини Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро расонд.

    Вай инчунин дар бораи натиҷаҳои асосии ҷаласаҳои комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои хоҷагии об, ки дар ин рӯзҳо дар Тошканд баргузор шуд, маълумот дод.

    Раҳбари давлатамон муҳим будани омодагии ҷиддӣ ва ҳамаҷонибаро ба ҳамоиши оянда дар Ӯзбекистон, пеш аз ҳама, ташаккул додани рӯзномаи сермазмун, инчунин пеш бурдани лоиҳаҳои кооператсияи иқтисодӣ ва барномаи мубодилаи фарҳангию инсонпарварӣ қайд кард.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates