Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон бо ин муассисаи бонуфузи СММ баррасӣ гардиданд.
Дар оғози суҳбат Одри Азуле роҳбари давлати моро бо рӯйдоди таърихӣ — баргузор шудани Иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии Созмон, ки бори аввал дар тӯли 40 соли охир берун аз қароргоҳи марказии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж баргузор мегардад, самимона табрик намуд.
Ба корҳои густурдаи ҷониби Ӯзбекистон ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузории конференсия, инчунин ғанӣ гардонидани он бо чорабиниҳои амалӣ баҳои баланд дода шуд. Аз ҷумла, фаъолияти Маркази минтақавии ЮНЕСКО оид ба таҳсилоти томактабӣ оғоз ёфта, маросими супоридани ҷоизаи байналмилалии “Берунӣ”, чорабинии махсус бахшида ба 3000-солагии шаҳри Самарқанд, инчунин форумҳо оид ба фаъолияти осорхонаҳо, зеҳни сунъӣ, масоили гендерӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими замон баргузор мегарданд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар солҳои охир сатҳи ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва ЮНЕСКО ба марҳилаи хеле баланд расидааст. Якҷо Конфронси ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти кӯдакон баргузор гардид, 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ дар Париж таҷлил шуд ва ҷоизаи байналмилалӣ ба номи ин олими бузург таъсис ёфт.
Бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон се қатъномаи муҳим қабул гардида, як қатор объектҳо ва унсурҳои нави фарҳангии кишвар ба рӯйхатҳои вижаи ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Иброз гардид, ки ҷонибҳо омодаанд ҳамкориҳоро минбаъд низ густариш ва амиқ гардонанд, инчунин лоиҳаҳои нави муштаракро дар самтҳои афзалиятнок амалӣ намоянд.
Дар фарҷоми мулоқот Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои хизматҳои бузург дар рушди робитаҳо дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг, инчунин барои саҳми шахсӣ дар маъруф гардондани мероси ғании фарҳангии халқи мо ба Одри Азуле ордени олии давлатӣ — “Дӯстлик”-ро супурд.












