Дар ҷараёни гуфтугӯ рӯйдодҳои охирини Ховари Миёна, ки ба амният ва суботи минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонанд, баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки дар моҳи муқаддаси Рамазон уммати мусулмон бояд якдил бошад ва якдигарро дар асоси принсипҳои ҳамбастагӣ, бародарӣ, эҳтироми мутақобил ва саховат дастгирӣ намояд.
Гуфта шуд, ки ҳар гуна амалҳо, ки ба сулҳи кишвар ва некӯаҳволии шаҳрвандон таҳдиди ҷиддӣ мекунанд ва боиси ранҷи одамони бегуноҳ мегарданд, бояд фавран қатъ шаванд. Ҳамаи мушкилиҳо танҳо ба роҳи дипломатӣ ва музокирот ҳал гарданд.
Президенти кишвари мо ба роҳбарият ва мардуми Баҳрайн суханони дастгирӣ ва ҳамбастагии худро баён кард.
Ба навбати худ Подшоҳ Ҳамад бин Исо Ол Халифа барои занги телефонӣ, таваҷҷуҳи зоҳиршуда ва дастгирии самимӣ дар ин замони мушкил ба Сарвари давлати мо изҳори сипос намуд.