Президенти Ӯзбекистон директори тозаинтихоби генералии ЮНЕСКО-ро қабул кард

    12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Халид Ал-Ананиро, ки ба вазифаи директори генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) интихоб шудааст, ба ҳузур пазируфт.

    Дар мулоқот натиҷаҳои иҷлосияи 43-юми Конференсияи умумии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид ва дурнамоҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо ин ниҳоди бонуфузи СММ баррасӣ шуданд.

    Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Халид Ал-Ананиро бо интихоб шуданаш ба мансаби баланд табрик гуфта, барояш дар фаъолияти минбаъда муваффақият таманно намуд.

    Дар навбати худ, директори генералии тозаинтихоб изҳори сипоси махсуси худро ба Президенти Ӯзбекистон барои дастгирӣ ва сатҳи баланди ташкил намудани чорабинии асосии ЮНЕСКО баён дошт.

    Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкориҳои мунтазам ва судманд миёни Ӯзбекистон ва ЮНЕСКО самтҳои гуногунро фаро мегирад. Ҷонибҳо омодагии худро ба густариши минбаъдаи ин ҳамкорӣ, аз ҷумла васеъ намудани фаъолияти лоиҳавии Созмон дар кишвари мо изҳор карданд.

    Инчунин омодагии ЮНЕСКО ба татбиқи муштараки ташаббусҳои стратегие, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маросими ифтитоҳи Конференсияи умумӣ пешниҳод шудаанд, таъкид гардид.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates