Президенти Ӯзбекистон бо мукофоти олии СКТ сарфароз гардонида шуд

    Ҳукумат 3 Noyabr 2023 5902

    Мувофиқи барномаи ҷамъомади Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони кишварҳои туркӣ маросими тантанавӣ барои саҳми барҷастааш дар таҳкими ваҳдати оилаи туркӣ, таблиғи фаъолонаи манфиатҳо ва ақидаҳои кишварҳои туркзабон дар арсаи байналмилалӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев супоридани мукофоти олӣ – «Ордени олии ҷаҳони туркӣ" баргузор гардид.

    Дар чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған, Сарвазири Венгрия Виктор Орбан, Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов иштирок доштанд.

    Президенти Қазоқистон ҷоизаро аз номи сарони кишварҳои ин Созмон супурд.

    – Ман ин ҷоизаро, пеш аз ҳама, ҳамчун рамзи дӯстиву ҳамкории наздикамон медонам, ки мо ба риштаҳои воқеии бародарӣ такя намуда, ба зинаи нав бардоштем, – бо изҳори сипос ба ҳамкорон таъкид намуд роҳбари давлатамон.

    Таъкид гардид, ки вақтҳои охир нуфуз ва тавоноии ҷаҳони турк беш аз пеш афзудааст. Аз лаҳзаи дохил шудан ба СКТ дар соли 2019 Ўзбекистон зиёда аз 50 пешниҳоду ташаббусро, ки ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳои туркӣ нигаронда шудаанд, пешниҳод намуд.

    Дар давраи раёсати ҷумҳурии мо дар ин Созмон беш аз 100 чорабиниҳои гуногун баргузор гардида, механизмҳои нави самарабахши ҳамкориҳои амалӣ фароҳам оварда, бо як қатор сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ робитаҳои наздик ба роҳ монда шуданд.

    Равобити бисёрҷанба ва мутақобилан судманди Ӯзбекистон бо ҳамаи кишварҳои узви Созмон пайваста тавсеа меёбад, шарикии стратегӣ барқарор шуданд, ҳаҷми муомилоти мол афзоиш ёфта, ҳамкорӣ вусъат меёбад.

    – Орзую мақсад, омолу ният, ҷидду ҷаҳд ва ҳаракати мо ба ҳам ҳамоҳанганд. Халқҳои туркзабони мо, ки онҳоро аз қадимулайём дӯстӣ ва бародарӣ муттаҳид намудаанд, ояндаи зебои худро якҷоя, дар мувофиқа ва ҳамдигарфаҳмӣ бунёд хоҳанд кард, – гуфт роҳбари давлат.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates