Ба шарафи меҳмони олӣ қаровули фахрӣ саф орост. Гимнҳои давлатии Ӯзбекистон ва Қазоқистон садо доданд. Роҳбарони ду мамлакат аз пеши сафи қаровули фахрӣ гузаштанд. Якҷоя акс гирифта шуд.
Дар ин лаҳзаҳо музокироти сарони давлатҳо дар доираи маҳдуд ҷараён дорад. Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди минбаъда ва амиқсозии муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ўзбекистон ва Қозоғистонро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.