Ба шарафи меҳмони олиқадр қаровули фахрӣ саф орост. Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Реҷеп Таййип Эрдоған ба шоҳсуфа баромаданд.

Гимнҳои давлатии Ӯзбекистон ва Туркия навохта шуданд. Роҳбарони ду мамлакат аз атрофи сафи қаровули фахрӣ гузаштанд.

Дар ин лаҳзаҳо музокироти сарони давлатҳо дар доираи танг ҷараён дорад. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистону Туркияро баррасӣ мекунанд.