Роҳбари Ўзбекистон Шавкат Мирзиёевро Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ол- Сонӣ самимона истиқбол гирифт.

Ба шарафи меҳмони олӣ қаровули фахрӣ саф орост. Оркестри ҳарбӣ гимнҳои давлатии ҳар ду мамлакатро иҷро кард.

Сарони давлатҳо аз пеши сафи қаровули фахрӣ гузашта, аъзои ҳайатҳои расмиро хайрамақдам гуфтанд.

Сипас дар сатҳи олӣ музокирот оғоз шуд.