баннер
13 Mar 2025
14:35

    Сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Фаронса оғоз ёфт

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон бо сафари давлатӣ ба шаҳри Париж омад.

    Дар назди ҳавопаймо роҳбари Ӯзбекистонро вазири маорифи миллӣ, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмии Фаронса Элизабет Борн, фармондеҳи ҳавзаи низомии Париж генерал Лоик Мизон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол карданд.

    Дар павилони ифтихории фурудгоҳи байналмилалии «Орли» ба шарафи меҳмони олиқадр парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар афрохта шуда, қаровули фахрӣ саф орост.

    Дар назди қароргоҳе, ки ҳайати Ӯзбекистон ҷойгир шудааст, Президент Шавкат Мирзиёевро гурӯҳе аз ҳамватанони мо, ки дар Фаронса таҳсил мегиранд, кор мекунанд ва таҳқиқоти илмӣ мебаранд, бо самимият пешвоз гирифтанд. Сарвари давлати мо бо онҳо самимона суҳбат намуда, барояшон дар таҳсил ва корҳои илмӣ комёбиҳо таманно кард.

    Чорабиниҳои асосии сафар барои 12 март пешбинӣ шудаанд.

    Бар асоси барномаи сафари расмӣ дар Қасри Елисей гуфтушунидҳои сатҳи олӣ байни Ӯзбекистон ва Фаронса баргузор хоҳанд шуд.

    Сарвари давлати мо инчунин бо директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле вохӯрда, бо намояндагони ширкатҳо ва бонкҳои пешбари Фаронса суҳбати мизи мудаввар баргузор хоҳад кард.


    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech