Сафари таърихии Президенти Ӯзбекистон ба Ню-Йорк ба поён расид

    Ҳукумат 21 Sentabr 2023 5048

    Сафари таърихии Президенти Ӯзбекистон ба Ню-Йорк анҷом ёфт.

    Сарвари давлатамон зимни сафари худ дар Ню-Йорк дар мубоҳисаҳои умумии сиёсии иҷлосияи 78-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, ба ислоҳоти густардае, ки дар Ӯзбекистон ҷараён дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд ва як катор ташаббусҳоеро, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ нигаронида шудаанд, ба миён гузошт.

    Нахустин нишасти формати “С5+1” бо ширкати раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд. Дар рафти мулоқоти дуҷониба Президентҳои Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Иёлоти Муттаҳида Ҷозеф Байден масоили кунунии ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд.

    Сарвари давлатамон инчунин бо Президенти Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел, Президенти Ҷумҳурии Куриё Юн Сок Ёл, иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Покистон Анвар Какар, роҳбарони сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ – Котиби генералии СММ Антонио Гутерриш, директори иҷроияи Фонди байналмилалии асъор Кристалина Георгиева, директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Нгози Оконҷо-Ивеала, Президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Аҷай Банга, Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино музокирот анҷом дод.

    Барномаи корчаллонии сафар низ пурмазмун буд. Раҳбари Ўзбекистон бо ҳайати соҳибкорони амрикоӣ таҳти роҳбарии раиси Палатаи савдои Ӯзбекистон-Амрико Кэролин Лэмм, инчунин роҳбарони як қатор ширкатҳо ва корпоратсияҳои бузурги трансмиллӣ – “Air Products”, “Citigroup”, “CNH”, “Boston Consulting Group”, “GE HealthCare", "Oppenheimer", "Cerberus", "Cintana" вохӯрд.

    Пас аз анҷоми рӯйдодҳои барномаи сафар Президент Шавкат Мирзиёев ба Тошканд баргашт.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates