Сафари Президенти Ӯзбекистон ба Чин пурсамар буд

    Ҳукумат 19 May 2023 7884

    Барномаи пурмазмуни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба поён расид.

    Зимни боздид дар шаҳри Сиан роҳбари давлат бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин мулоқот намуда, дар натиҷаи он пешвоён Изҳороти муштаракро имзо карданд ва Барномаи рушди шарикии стратегии ҳамаҷонибаро дар марҳалаи нав барои солҳои 2023-2027 қабул намуданд.

    Умуман дар доираи ташриф 41 ҳуҷҷати дуҷониба имзо гардида, бинобар ҷамъбасти чорабиниҳои муштараки кории баргузоргардида аҳду паймон дар бораи татбиқи лоиҳаҳои нави саноатӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба бештар аз 25 миллиард доллар ба даст омад.

    Президенти мамлакатамон инчунин аз Намоишгоҳи ҳамкории Ӯзбекистону Чин боздид намуда, лоиҳаҳои нави муштаракро ба кор андохт ва бо намояндагони доираҳои корчаллони Чин мулоқот кард.

    Ҳамзамон роҳбари давлат дар кори ҳамоиши якуми «Осиёи Марказӣ – Чин» иштирок намуд, ки дар он бо чандин пешниҳодот ва ташаббуси муҳим оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ баромад кард.

    Дар аэропорт меҳмони олиқадрро вазири маданият ва сайёҳии ҶМЧ Ху Хэпин, губернатори музофоти Шэнси Чжао Ган ва ротаи қаровули фахрӣ гусел карданд.

    Президент Шавкат Мирзиёев ба Тошканд бозгашт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates