Дар фурудгоҳи байналмилалии «Шоуду», ки бо парчамҳои ду кишвар оро дода шудааст, ба шарафи меҳмони олиқадр каровули фахрӣ саф орост.

Сарвари давлатамонро вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Ели ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Тибқи барномаи сафар, фардо, 24 январ дар Пекин, раҳбари Ӯзбекистон бо Раиси ҶМЧ Си Сзинпин, инчунин бо шахсони расмӣ ва намояндагони доираҳои тиҷоратии Чин як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.