Қобили зикр аст, ки нишасти дарпешистода сафари ҷавобии сарвари давлатамон дар асоси тавофуқҳое мебошад, ки дар мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар Тошканд моҳи марти соли гузашта ҳосил шуда буд.

Тибқи барномаи будубош дар Будапешт музокирот дар сатҳи олӣ – бо Президенти Венгрия Каталина Новак ва Сарвазир Виктор Орбан сурат мегирад.

Дар рӯзномаи мулоқоти Ӯзбекистону Венгрия масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои савдою иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, молиявӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ ҷой дода шудаанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак, ки ба зиёд кардани ҳаҷми савдои мутақобила, амиқсозии ҳамкориҳои саноатӣ дар соҳаи дорусозӣ, комплекси агросаноатӣ, мошинсозӣ, сарфаи об ва дигар соҳаҳо нигаронида шудааст, зоҳир мегардад.

Ҳамчунин доир ба масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла ҳамкориҳо дар доираи Созмони кишварҳои туркӣ табодули афкор сурат мегирад.

Дар натиҷаи музокирот имзои баёнияи муштарак ва бастаи устувори созишномаҳои дуҷониба дар назар аст.

Ба ғайр аз ин, пешбинӣ шудааст, ки сарвари давлатамон бо роҳбарони ширкату бонкҳои бонуфузи Венгрия мулоқот анҷом медиҳад.