Ба кормандони нақлиёти роҳи оҳани Ҷумҳурии Ӯзбекистон

    Ҳукумат 5 Avgust 2022 5358

    Муҳтарам кормандони соҳаи роҳи оҳан!

    Собиқадорони азиз!

    Самимона, аз таҳти дил, шумо, коргарон ва хидматчиён, бинокорон ва муҳандисон, мошинистон ва проводникҳо, ҳамаи онҳоеро, ки дар ин низом меҳнат мекунанд, бо Рӯзи кормандони нақлиёти роҳи оҳан табрик менамоям, бароятон эҳтироми амиқ ва беҳтарин таманноҳоро орзу менамоям.

    Дар ин рӯзи хуш, дар остонаи санаи бузург – 31-умин солгарди истиқлолияти Ватани азизамон, дар бораи меҳнати масъулиятнок ва шарафнокатон сухан ба миён оварда, мо бо қаноатмандӣ таъкид менамоем, ки дар давраи гузашта Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» роҳи бузурги инкишофро тай намуд.

    Дар солҳои истиқлолият беш аз 2400 километр роҳи нави оҳан гузошта шуд, беш аз се ҳазор километр электриконида, 1100 километр роҳи оҳан реабилитатсия гардид, ки ҳамаи ин дар бораи кори бузурге, ки дар муддати таърихан кӯтоҳ ба амал татбиқ гардид, гувоҳӣ медиҳад.

    Низоми нави роҳи оҳани ҷумҳурӣ, ки бо меҳнати машаққатноки шумо ба вуҷуд оварда шудааст, босамар ва шабу рӯз бетанаффус кор мекунад ва ҳамзамон талаботи аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиётро таъмин месозад.

    Муҳтарам кормандони соҳа!

    Мо дар назди худ мақсади олии сохтмони Ӯзбекистони Навро гузоштаем ва ба инкишофи соҳаи роҳи оҳан чун ба омили муҳими тараққиёт эътибори алоҳида медиҳем.

    Ба туфайли корҳои вусъатноке, ки дар солҳои охир дар ин соҳа ба амал татбиқ мегардад, потенсиали транзит ва обрӯи Ӯзбекистон меафзояд.

    Васеъ гардидани шабакаи роҳи оҳан, бешубҳа, имконоти навро барои рушди мутаносиби тамоми минтақаҳо, ба таври маҷмӯӣ азхуд намудани захираҳои бойи маданиву ашёи хом боз менамояд. Ба таври дигар гӯем, роҳи оҳан ин низоми ҳаётан муҳими хунгарди мамлакат аст.Тавре ки маълум аст, нақлиёти роҳи оҳан аз навъҳои муносибтарин ва бехатартарини нақлиёт ба шумор рафта, роҳҳоро кӯтоҳ менамояд, вақтро сарфа месозад ва барои одамон қулай мебошад. Таъкид бояд кард, ки ҳоло вақте ки тамоми ислоҳотамон дар асоси принсипи муфиди «Ба хотири шараф ва қадри инсон» татбиқ мегардад, нақш ва аҳамияти ин намуди нақлиёт торафт меафзояд.

    Бинобар ин барои мо вазифаҳои бартаринок афзоиши ҳаҷми мол ва мусофиркашонӣ аз тариқи роҳи оҳан, таъмини бехатарии онҳо, баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ, мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникӣ ва потенсиали кадрҳои соҳа башумор меравад. Ҳамин тариқ, ҳоло парки локомотивҳо, вагонҳои бор ва мусофиркашонӣ такмил дода шуда, вокзалҳои нав, иншооти муҳандисӣ сохта шуда, ба тарбияи кадрҳои баландмалака, баланд бардоштани дараҷаи дониш ва таҷрибаи онҳо эътибори алоҳида нигаронда шудааст.

    Дар натиҷаи ислоҳоти муттасил дар соҳа, дар пойтахтамон хатҳои Юнусобод ва Сергелии метрои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ ба баҳрабардорӣ супурда шуда, ба Хеваи қадима роҳи нави оҳан гузошта, вокзали замонавӣ сохта шуда, дигар лоиҳаҳои бузург ба амал татбиқ мегарданд.

    Дар идомаи ин кор дар Тошканд сохтмони хати ҳалқавии метрои рӯизаминӣ бо суръати баланд пеш меравад, хати роҳи оҳани Бухоро – Мискин электриконидашуда, роҳи оҳани нави Шавот – Қароузак сохта мешавад, аз рӯи Амударё пули роҳи оҳан ва роҳи автомобилгард бунёд мешавад.

    Фикр мекунам, ки ҳамаи мо хуб мефаҳмем, ки суръати баланди қарни имрӯза дар наздамон вазифаҳои боаҳамият ва муҳимро дар бобати рушди минбаъдаи соҳа мегузорад. Аз он ҷумла, бинобар талаботи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав дар назди мо ҳанӯз вазифаҳои зиёд дар бобати такомули низоми роҳи оҳани мамлакат, татбиқи лоиҳаҳои бузург ва истиқболнок бо ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ба соҳа, тарбияи кадрҳои замонавии мутафаккир қарор дорад.

    Боварӣ дорам, ки ҷамоаи муттаҳиди бисёрмиллати ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари», ки молики потенсиали созандагии бузург мебошад, ин вазифаҳоро бомуваффақият ӯҳда менамояд ва соҳаи роҳи оҳани мамлакатро ба дараҷаи боз ҳам нави баланд мебардорад.

    Муҳтарам кормандони нақлиёти роҳи оҳан!

    Дар ин рӯзи ид, ба орзуҳои неки ҳамватанон ҳамроҳ шуда, аз номи тамоми халқамон ва аз номи шахсан худам барои меҳнати шуҷоатнокатон ба хотири Ӯзбекистони азиз самимона миннатдор ҳастам.

    Бори дигар аз таҳти дил шуморо бо ҷашни касбӣ табрик менамоям, бароятон тансиҳатӣ, сулҳ ва фараҳмандӣ, барои хонаводаҳоятон фаровонӣ таманно дорам.

    Шавкат Мирзиёев,

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates