Сайт дар ҳолати тест кор мекунад
Лого Лого-пв-уз

    Самтҳои афзалиятноки таҳкими ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 10 Iyun 2021 1674

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон музокиротро дар ҳайати васеъ идома доданд.

    Дар гуфтушунидҳо аъзои ҳайатҳои расмӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, ҳокимони вилоятҳои наздисарҳадии ду кишвар ширкат варзиданд.

    Қайд карда шуд, ки ба туфайли иродаи сиёсӣ ва кӯшишҳои муштараки роҳбарони Узбекистон ва Тоҷикистон муносибатҳои кишварҳои бародарӣ ба сатҳи сифатан нави ҳамкории амалии баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд гузаштанд.

    - Мо якҷоя кори азимро анҷом додем, ки аллакай ба солномаи муносибатҳои мо ворид шудааст, - таъкид кард Шавкат Мирзиёев.

    Ҷонибҳо азми қавӣ ва омодагии худро барои амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас барои амиқсозии шарикии стратегӣ иброз доштанд.

    Ба масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, амиқгардонии кооператсияи саноатӣ, рушди ҳамкориҳои нақлиётӣ ва байниминтақавӣ, истифодаи самараноки потенсиали бузурги энергетикӣ, идома додани мубодилаи фарҳангию гуманитарӣ, таҳкими шарикӣ дар мубориза бо даъватҳо ва таҳдидҳои замонавӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд.

    Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки сарфи назар аз динамикаи мусбӣ бояд барои ду маротиба зиёд гардондани гардиши мол дар соли оянда "нуқтаҳои афзоиш"-и навро ёфт. Барои ин мақсадҳо, тавре ки Роҳбари давлати мо изҳор дошт, ба анҷом расонидани ҳамоҳангсозии масъалаҳои бекор кардани аз низоми савдои озод баровардан ва рафъи монеаҳои ғайритарифӣ дар ояндаи наздик муҳим аст.

    Инчунин бояд ҳаҷмро афзоиш дод ва доираи интиқоли тарафайнро васеъ гардонд,  барои  муштарак ба бозорҳои кишварҳои сеюм ворид шудан имкониятҳоро ҷуст.

    Ғайр аз ин, пешниҳод карда шуд, ки таъсиси маркази муштараки тиҷорати марзӣ омӯхта шавад.

    Роҳбари давлати мо қайд кард, ки Ӯзбекистон аз густариши ҳамкориҳои саноатӣ байни минтақаҳо ва корхонаҳои пешрафтаи ду кишвар манфиатдор аст.

    - Мисолҳои воқеии ҳамкориҳои муваффақ ва нақшаҳои мушаххаси оянда мавҷуданд.

    Сухан дар бораи ташкили васли мошинҳои Ӯзбекистон, истеҳсоли трансформаторҳо ва таҷҳизоти кишоварзии замонавӣ, тавсеаи истеҳсоли асбобҳои рӯзгор, масолеҳи сохтмонӣ, ришта ва бофандагӣ ва дигар лоиҳаҳои муштарак дар кишварҳои мо меравад, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Ба ин муносибат, зарур аст, ки фаъолияти самарабахши ширкати муштараки сармоягузории таъсисёфта дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ташкил карда, аз имкониятҳои он барои пешбурди лоиҳаҳо ҳарчи бештар истифода бурда шавад.

    Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва транзит самти стратегӣ  мебошад. Президенти Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки аз имконоти транзити якдигар самаранок истифода бурда, нақлиёти ҳавоӣ  зиёд гардонда, иртиботи автобус байни шаҳрҳои ду кишвар аз нав барқарор карда шавад.

    Президенти мамлакати мо аҳамияти ташкили муколамаи мустақими системавиро дар қисмати вилоятҳо ва ноҳияҳои ду кишвар қайд кард.

    Аввалин Форуми минтақаҳо, ки дирӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор шуд, бори дигар самаранокии ҳамкориҳоро дар ин формат нишон дод.

    - Барои ҳалли фаврии масъалаҳо роҳбарони минтақаҳо бояд қадам ба қадам "нақшаҳои фаъолият" -ро ба мувофиқа расонанд ва на камтар аз як маротиба дар як моҳ дар маҳалҳо мулоқотҳо баргузор кунанд, - таъкид кард Шавкат Мирзиёев.

    Масъалаҳои истифодаи самараноки потенсиали бузурги гидроэнергетикии ду кишвар ва идомаи муколамаи созанда ва мутақобилан судманд доир ба масъалаҳои истифодаи об баррасӣ шуданд.

    Роҳбарон ба мувофиқа расиданд, ки табодули гуманитарии анъанавии фаъолро идома медиҳанд. Сарвари давлати мо пешниҳод кард, ки Барномаи чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ амалӣ карда, инчунин Фестивали ҷавонони ду кишвар ташкил карда, дар Душанбе ва Тошканд китобҳои антологияи адабиёти муосири ӯзбек ва тоҷик нашр карда шаванд.

    Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳоро дар соҳаи мубориза бо даъватҳо ва таҳдидҳои муосир, алахусус дар пасманзари вазъи кунунии Афғонистон қайд карданд.

    Таъкид гардид, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҷонибдори мусоидат ба раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳое мебошанд, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар, аз ҷумла ҷалби фаъолона ба шарикии иқтисодии минтақавӣ равона шудаанд.

    Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ ва дастгирии тарафайн дар доираи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, ИДМ, СҲШ, СҲИ, СИИ, ФБНА ва ғайра тасдиқ карданд.

    Президент Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистон сатҳи ҳамкориҳои бо Ӯзбекистони бародар ба дастомадаро қадр мекунад ва дар ин Президент Шавкат Мирзиёев хизмати шоиста дорад. Вай таъкид кард, ки дар ҷараёни музокирот дастурҳои мушаххаси кори дарпешистода муайян карда шуданд ва натиҷаҳои онҳо омили нави таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии ду кишвар хоҳанд шуд.

    No date selected
    September 2021
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates