Муносибатҳои шарикии стратегии ӯзбекистониву туркманистонӣ минбаъд низ амиқ мешаванд

    Ҳукумат 21 Oktabr 2022 4194

    Бинобар натиҷаи гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ барои намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ брифинг баргузор шуд.

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ва тамоми халқи бародари туркман барои меҳмоннавозии чун анъана самимӣ миннатдорӣ баён кард.

    Таъкид шуд, ки дар Ӯзбекистон аз комёбиҳои Туркманистон, ки ба шарофати мустақимона татбиқ сохтани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ таҳти роҳбарии Сердар Бердимуҳамедов татбиқ мегарданд, аз таҳти дил мамнун мебошанд.

    Махсус таъкид гардид, ки асосгузори тамоми ин корҳо раиси Маслиҳати Халқии Шӯрои Миллии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба шумор меравад.

    Зикр шуд, ки ба шарофати иродаи умумии сиёсӣ тӯли солҳои охир фароҳам овардани муҳити куллан нави муносибатҳои ӯзбекистониву туркманистонӣ ва ба он додани ҷиҳати ҳамкории дуҷонибаи стратегӣ имконпазир гардид.

    Баъди анҷоми гуфтушунидҳои дирӯза Баённома дар бораи амиқсозии шарикии стратегӣ имзо шуд, ки қаробати бештари ҳамкориҳоро ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар арсаи байналхалқӣ пешбинӣ менамояд.

    – Таҳкими минбаъдаи шарикӣ бо Туркманистон ин бартарии ҳамешагии сиёсати хориҷии Ӯзбекистон мебошад, – таъкид намуд роҳбари давлати мо.

    Қайд гардид, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳо ба истифодаи имкониятҳои васеъ ва ҷорӣ намудани механизмҳои самарабахши татбиқсозии иқтидори азими ҳар ду кишвар ба манфиати ҳар ду халқи бародар эътибори махсус дода шуд.

    Ҷонибҳо мушаххас намуданд, ки асоси шарикии ӯзбекистониву туркманистонӣ ин минбаъд беҳтар кардани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба шумор меравад.

    Дирӯз ба сохтмони Минтақаи савдои наздисарҳадӣ бо инфрасохтори замонавӣ оғоз бахшида шуд.

    – Ин ба зиёд шудани мубодилаи мол, вусъати қарордодҳои тиҷоратӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳои кишварҳои мо мусоидат мекунад, – гуфт Президенти Ӯзбекистон.

    Ғайр аз ин бинобар рушди фаъоли алоқаҳои кооператсионӣ аз тариқи татбиқ сохтани лоиҳаҳо дар саноат, энергетика, хоҷагии қишлоқ ва логистика муоҳидаҳо ба имзо расиданд.

    Самтҳои бартариноки ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаҳои истифодаи об ва ҳифзи муҳити атроф, пешгирӣ ва аз байн бардоштани оқибатҳои вазъиятҳои фавқулодда муайян карда шуданд.

    Муҳимияти идома додани мулоқоти конструктивӣ дар масъалаҳои истифодаи сарфакоронаи захираҳои оби дарёҳои наздисарҳадии Осиёи Марказӣ таъкид гардид.

    Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ба минбаъд вусъат додани мулоқоти байнипарлумонӣ ва дипломатияи халқӣ, инкишоф додани робитаҳои байниминтақавӣ, мустаҳкам намудани алоқаҳои тарафайни маданиву инсонпарварӣ эътибори махсус дода шуд.

    – Мубодилаҳои маданиву инсонпарварӣ ҳамеша санги маҳак, асоси дӯстии бисёрасринаи халқҳои бародари мо буданд, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.

    Ғайр аз ин ба мақсади васеъ таҷлил намудани сисолагии истиқрори муносибатҳои дипломатии байни Ӯзбекистон ва Туркманистон ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки соли оянда Рӯзҳои тарафайни фарҳанг ва кино, ҷашнвораҳо ва чорабиниҳои дигар гузаронида шаванд.

    Президенти мамлакати мо умумияти мавқеи ду давлатро оид ба масъалаҳои рӯзмарраи сиёсати байналхалқӣ ва минтақавӣ таъкид намуд.

    Дар доираи СММ, САХА, ИДМ, СҲШ, СДТ, ФБНА ва дигар сохторҳои бисёрҷанба ҳамкориҳои фаъоли тарафайн давом хоҳанд кард.

    – Мо ба муоҳида расидем, ки минбаъд низ ҳамкориҳои тарафайни минтақавиро дар доираи Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мустаҳкамтар намоем, – қайд кард роҳбари Ӯзбекистон.

    Ғайр аз ин Президентҳои ду мамлакат барои пурзӯр намудани саъю кӯшишҳое, ки ба ҳарчи зудтар муътадил гардидани вазъият ва пешбурди лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ дар Афғонистон нигаронида шудаанд, муоҳида бастанд.

    Дар анҷоми баромади худ Шавкат Мирзиёев изҳори бовар намуд, ки натиҷаҳои мулоқоти самарабахш ба таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Туркманистон мусоидат мекунанд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates