Дар мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва гуманитарӣ баррасӣ шуданд.
Дар оғози суханронии худ сарвари кишварамон бори дигар Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро бо баргузории бомуваффақияти Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии ба баҳр роҳ надошта, ки аввали август баргузор шуд, самимона табрик гуфт.
Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин сарвари Озарбойҷон Илҳом Алиевро бо имзои эъломияи сулҳ бо Арманистон дар шаҳри Вашингтон самимона табрик намуд.
Сарвари кишварамон оид ба густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба як қатор пешниҳодҳои мушаххас иброз дошт.
Зарурати истифодаи пурраи иқтидори бузурги транзитии се давлат таъкид гардид.
Иброз карда шуд, ки пайвастани роҳравҳои амалкунанда ва оянда имкон медиҳад масири устувор ва самарабахши трансконтиненталӣ ташаккул ёбад, ки тавассути қаламрави кишварҳои мо Чинро бо Осиёи Ҷанубӣ, Ховари Миёна ва Аврупо мепайвандад.
Айни замон сохтмони роҳи оҳани Чин–Ӯзбекистон оғоз шудааст. Ғайр аз ин, чанде пеш бо Покистон ва Афғонистон оид ба лоиҳаи сохтмони долони Трансафғонӣ меморандум ба имзо расид.
Таъкид гардид, ки ҷараёнҳои нави боркашонӣ пеш аз ҳама бояд инфрасохтори Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро самаранок пурбор созанд.
Ҳамчунин нақшаҳо оид ба рушди масири Миёна, аз ҷумла долони Зангезурӣ дастгирӣ ёфтанд.
Пешниҳод гардид, ки ба омӯзиши муштараки коршиносӣ оид ба масъалаҳои муҳимтарин оғоз шавад.
Сухан дар бораи афзоиши иқтидори гузариш ва таъсиси инфрасохтори муосири логистикӣ, аз ҷумла дар бандарҳои Туркманбошӣ ва Боку, роҳандозии сиёсати ҳамоҳангшудаи тарифӣ, рақамисозии тартибот ва таъмин намудани назорат аз болои борҳо меравад.
Аз ҷониби Ӯзбекистон омодагӣ ба коҳиши тарифҳо дар асоси мутақобила барои интиқоли борҳо ба хотири таъмин намудани баромади кутоҳтарин ва барои бизнес фоиданок ба бозорҳои асосӣ изҳор гардид.
Илова бар ин, таъкид шуд, ки назари ягона имконият медиҳад ҳамкории амалгароёна бо кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ – донорҳои эҳтимолӣ дар рушди инфрасохтори логистикӣ ташкил карда шавад.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи Ӯзбекистон ба таъсиси иқтидорҳои худӣ барои интиқоли борҳо тавассути баҳри Хазар изҳор гардид.
Бо мақсади таъмин намудани амнияти энергетикӣ зарурати таҳкими ҳамкорӣ ва рушди коридорҳо барои содироти захираҳои энергетикӣ ба кишварҳои сеюм таъкид шуд.
Дар ин замина, лоиҳаи ташкили интиқоли «энергияи сабз» ба Аврупо ояндадор номида шуд.
Дар бахши карбогидридҳои анъанавӣ, пешниҳод гардид, ки дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи гузаронидани корҳои геологӣ ва истифодабарии конҳо дар шельфи баҳри Хазар мавриди омӯзиш қарор дода шавад.
Самти дигари авлавиятнок — ба таври куллӣ зиёд намудани ҳаҷми гардиши мол ва андозаи ҳамкориҳои саноатӣ муайян гардид. Таъкид шуд, ки солҳои охир ҳаҷми тиҷорати мутақобилаи Ӯзбекистон бо Туркманистон ва Озарбойҷон 2 маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ дар сохтори гардиши мол ба 40 фоиз расидааст.
Пешниҳод гардид, ки якҷоя Нақшаи амали фарогир таҳия карда шавад, ки рушди занҷираҳои устувори савдо ва логистикӣ, таъсиси марказҳои тақсимоти яклухт, дастрасӣ ба шабакаҳои бузурги савдо, ягонасозии талаботи фитосанитарӣ ва карантинӣ, ҷорӣ намудани нишонагузории рақамии маҳсулот, роҳандозии майдончаҳои электронии муштарак ва густариши ҳамкории биржаҳои молӣ ва ашёи хомро дар бар мегирад.
Дар доираи тавсеаи робитаҳои башардӯстона пешниҳод шуд, ки барномаи сеҷонибаи мубодилаи сайёҳӣ ва фарҳангӣ қабул гардад, ки имкон медиҳад ҷараёни сайёҳон аз кишварҳои мо ва давлатҳои сеюм зиёд шавад ва мероси бойи фарҳангии умумӣ, наздикии суннату урфу одатҳои мардумонамон намоиш дода шавад.
Дар анҷом, барои татбиқи амалӣ намудани ташаббусҳо ва тавофуқоти бадастомада, сарвари кишварамон пешниҳод намуд, ки «харитаи роҳ» таҳия ва механизми вохӯриҳои муштараки вазирон оид ба самтҳои асосӣ роҳандозӣ карда шавад.












