Ўзбекистон ва Бонки ҷаҳонӣ шарикии стратегиро таҳким мебахшанд

    Ҳукумат 21 Sentabr 2023 3729

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк бо президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аджай Банга мулоқот анҷом дод.

    Зимни мулоқот ҷанбаҳои асосии густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни Ӯзбекистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд.

    Дар оғози суҳбат Сарвари давлатамон Аҷай Бангаро бо оғози кораш дар вазифаи президенти Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки бо роҳбарии ӯ бонк минбаъд низ ба рушди устувори иқтисодии кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидат хоҳад кард.

    Масъалаҳои зиёд намудани ёрии экспертию техникии бонк дар самти хусусигардонӣ ва идоракунии самараноки давлатӣ, маблағгузорӣ ва ҷалби сармояи хусусӣ, аз ҷумла дар асоси шарикии давлатию хусусӣ, дар лоиҳаҳои декарбонизатсия, энергияи алтернативӣ, инфрасохтор ва коммуникатсия, таъмини об, инчунин дастгирӣ кардани чунин ташаббусҳои стратегӣ, ба монанди сохтмони роҳи оҳани Трансафгон мавриди муҳокима қарори гирифтанд.

    Дар навбати худ, Аҷай Банга ба барномаи ислоҳоти бебозгашт дар кишвари мо баҳои баланд дода, омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор дошт.

    Дар бораи иштироки Шӯрои машваратии бонк аз ҷумлаи роҳбарони пешбари тиҷоратии ҷаҳон дар таҳияи чораҳо оид ба афзоиши воридоти сармоягузории мустақим ба Ӯзбекистон мувофиқа ҳосил шуд.

    Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон яке аз шарикони бузургтарини бонк ба шумор рафта, портфели лоиҳаҳои муштарак дар шаш соли охир беш аз панҷ баробар афзоиш ёфтааст.

    Барномаи кунунии ҳамкорӣ то соли 2026, ки татбиқи лоиҳаҳои арзиши 4 миллиард долларро пешбинӣ мекунад, тамоми афзалиятҳои Стратегияи рушди Ӯзбекистони навро дар бар мегирад.

    No date selected
    June 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates