Дар оғози мулоқот роҳбари давлати мо ба сарвари Муғулистон барои пазироии самимӣ ва даъваташ ба ин мамлакат бо сафари ҷавобии давлатӣ, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба аввалин гардид, самимона миннатдорӣ баён кард.
Махсус таъкид гардид, ки сафари кунунӣ дар рушди робитаҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву муғулистонӣ давраи навро боз мекунад. Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин ҷониби Муғулистонро бо фарорасии Рӯзи Инқилоби халқӣ муборакбод кард. Масъалаҳои рӯзмарраи рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву муғулистонӣ баррасӣ шуданд.
Робита ва мубодилаҳо дар тамоми дараҷаҳо фаъолтар шуданд. Нишондиҳандаҳои табодули мол муттасил меафзояд. Миқдори корхонаҳои муштарак зиёд мегардад, татбиқсозии лоиҳаҳои аввалини кооператсионӣ дар соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ, таълим, савдои электронӣ, кишоварзӣ, истеҳсоли маводи сохтмон оғоз ёфтанд.
Ба наздикӣ анҷумани муштараки тиҷоратӣ бо иштироки васеъи доираҳои корчаллон ва идораҳои соҳавии ду мамлакат бомуваффақият баргузор гардид, дар шаҳри Улан-Батор хонаи савдои маҳсулоти Ӯзбекистон ба кор сар кард.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ба амиқсозии кооператсияи иқтисодӣ эътибори махсус дода шуд.
Мавҷуд будани иқтидори зиёд барои чандин карат афзудани савдои тарафайн тӯли солҳои наздиктарин, пеш аз ҳама, аз ҳисоби вусъат додани номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти харидоргир таъкид гардид.
Барои ин ҳадафҳо муҳимияти тезондани қабули муоҳидаҳо дар бораи савдои преференсиалӣ ва ҳифзи сармояҳо таъкид карда шуд.
Сарвари давлати мо амиқсозии кооператсияи саноатиро дар соҳаҳои муайяни иқтисодиёт ҷонибдорӣ намуд. Як қатор самтҳои пешомадноки ҳамкориҳои тарафайн ба сифати соҳаҳои афзалиятнок мушаххас карда шуданд.
Пеш аз ҳама ин шарикӣ дар сектори истихроҷ, аз ҷумла коркарди барномаҳои кофтукови геологӣ, аз худ намудани кони захираҳои ашёи хом, расонда додани технологияҳо, мубодилаи таҷриба ва бозоомӯзонии кадрҳо мебошанд.
Ба ин маънӣ дар шаҳри Улан-Батор кушода шудани намояндагии Вазорати геологияи Ӯзбекистон ба мақсади пешбурди лоиҳаҳо дар самти мазкур бо қаноатмандӣ зикр шуд.
Манфитадорӣ аз амиқсозии ҳамкории маҷмӯӣ дар кишоварзӣ дар пояи ташкил кардани кластерҳои муштарак ва пешбурди лоиҳаҳои кооператсионӣ оид ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти гӯшту шир, муина ва чарм иброз гардид.
Ба масъалаҳои таҳкими робитаи тарафайни нақлиётӣ ва рушди хатсайрҳои нави логистикӣ эътибори махсус дода шуд. Нақшаҳо бобати то охири сол ба роҳ мондани мубодилаи бевоситаи авиатсионии байни пойтахтҳо андешида шуданд.
Бобати муайян кардани гузаргоҳҳои кӯтоҳтарин ва самарабахштарини нақлиётӣ якҷо бо Пажӯҳишгоҳи байналхалқии таҳлилӣ барои мамлакатҳое, ки роҳи баҳрӣ надоранд, баргузор намудани тадқиқоти амалӣ пешниҳод гардид.
Муҳимияти идома додани мубодилаҳои фаъоли фарҳангӣ ва башардӯстӣ таъкид карда шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки алҳол дар шаҳри Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон, чорабиниҳо дар соҳаҳои санъат ва сайёҳӣ баргузор мешаванд.
Бобати рушди фаъоли ҳамкории байни муассисаҳои таълими олӣ, аз нав ба роҳ мондани таълими ҷавонони муғулистонӣ дар доираи квотаҳои ҷудошуда дар мактабҳои олии Ӯзбекистон муоҳидаҳо ба имзо расиданд.
Доир ба қабул кардани «харитаи амалиёт» бинобар саривақт ва босифат татбиқ намудани муоҳидаҳои баимзорасида мувофиқа ба даст омад.
Дар анҷоми мулоқот роҳбари давлати мо Президенти Муғулистонро даъват намуд, ки ба Ӯзбекистон ташрифи ҷавобӣ анҷом диҳад.