Дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои машҳури Озарбойҷон PASHA Holding, SOCAR, SOFAZ, Agalarov Development, Silk Way Group, Matanat, Sarda Group, AzerGold, Azermash, Холдинги сармоягузории Озарбойҷон, «Роҳҳои оҳани Озарбойҷон», Минтақаи озоди иқтисодии «Алят» ва ғайра ширкат ҷустанд.
Сарвари давлати мо роҳбарони ширкатҳои машҳурро самимона хайрамақдам гуфта, нақши муҳими онҳоро дар вусъатёбии шарикии тиҷоративу иқтисодии кишварҳои мо махсус таъкид намуд.
– Шумо муҳаррики муқтадири иқтисодиёт ба шумор меравед, ҷасурона инноватсияҳоро ҷорӣ мекунед, корхона ва ҷойҳои кориро фароҳам меоваред, – қайд кард Шавкат Мирзиёев.
Зикр шуд, чорабиние, ки бори аввал дар чунин шакл баргузор мешавад, оғози даврони нав дар ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар мегардад.
Роҳбари давлати мо натиҷаҳои судманди ҳамоиши кунуниро бо қаноатмандӣ таъкид намуд. Рӯзномаи васеи ҳамкорӣ баррасӣ шуд, нуқтаҳои пешомадноки рушд муайян гардиданд. Ҷамъомади нахустини Шӯрои олии байнидавлатӣ баргузор шуд, Муоҳида дар бораи муносибатҳои иттифоқӣ ба имзо расид.
– Мо ба дараҷаи баландтарини ҳамкориҳои тарафайни байнидавлатӣ расидем ва амалан дар муносибатҳои ӯзбекистониву озарбойҷонӣ боби нав кушодем, – таъкид сохт сарвари Ӯзбекистон.
Қайд шуд, ки шартномаҳо дар бораи фароҳам овардани шароитҳои беш аз пеш мусоид ва дастгирии ҳамаҷонибаи тиҷорат дар кишварҳои мо, аз ҷумла вуруди муштарак ба бозорҳои хориҷӣ натиҷаҳои асосии гуфтушунидҳо гардиданд.
Солҳои охир дар самтҳои мазкур пешрафти азим ба даст омад. Мубодилаи мол чандин баробар афзуд ва миқдори корхонаҳои муштарак зиёд шуданд, як қатор лоиҳаҳои кооператсионӣ татбиқ мешаванд, мубодилаҳои байниминтақавӣ фаъолтар гардиданд, Ширкати муштараки сармоявӣ бомуваффақият амал мекунанд.
Ғайр аз ин, дар ҷараёни анҷумани тиҷоратие, ки ба қарибӣ баргузор гардид, маҷмӯи бузурги муоҳида ва қарордодҳо ба маблағи умумии беш аз 2 миллиард доллар имзо шуданд.
Сарвари Ӯзбекистон дар баромади худ махсус таъкид кард, ки маҳз тиҷорат бояд муҳаррики асосӣ гардад ва дар татбиқсозии вазифаҳои калидӣ дар доираи Соли кооператсияи иқтисодӣ, ки сарони Ӯзбекистон ва Озарбойҷон эълон карданд, нақши муҳим бозад.
Сухан дар бораи лоиҳаҳои пешомаднок бинобар 20 самти бартариноки ҳамкорӣ меравад.
– Мо бо муҳтарам Илҳом Гейдарович фикри ягона дорем: ояндаи ҳамкорӣ ба тиҷорат алоқаманд аст, фардои муносибатҳои бисёрҷанбаи байни ду мамлакат аз шумо вобаста мебошад, – изҳор дошт Шавкат Мирзиёев.
Сарвари давлати мо соҳибкоронро муътамад намуд, ки барои фаъолияти самарабахшу мусоиди онҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда хоҳанд шуд.
Дар навбати худ роҳбарони ширкатҳои машҳури ду мамлакат ба Президентҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон барои дастгириашон миннатдорӣ баён намуданд ва дар бораи нақшаҳои мушаххаси худ оид ба татбиқсозии лоиҳаҳои нави кооператсионӣ маълумот доданд.
Дар анҷоми мулоқот сарварон дар маросими ба истифода супурдани лоиҳаҳои кооператсионӣ ширкат ҷустанд.
Дар байни онҳо сохтмони меҳмонхонаҳо ва маҷмӯъҳои истиқоматӣ дар шаҳри Тошканд, корхонаи истеҳсоли маводи сохтмон дар вилояти Қашқадарё, ташкил кардани кластерҳои бофандагӣ, фабрикаҳои дӯзандагӣ ва лоиҳаҳои дигар дар Озарбойҷон мавҷуданд.
Президентҳо ба ин лоиҳаҳо ҳусни оғоз бахшида, изҳори бовар намуданд, ки онҳо ба афзудани ҳаҷми мубодилаи тарафайни мол, бунёди иқтидорҳои замонавии истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ хидмат хоҳанд кард.