Илова бар ин, дар ҳузури роҳбарон табодули ҳуҷҷатҳои зерин сурат гирифт:
– Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои солҳои 2026–2028;
– Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои тиҷоратии Ӯзбекистону Покистон;
– Созишнома оид ба таъсиси Форуми байниминтақавии Ӯзбекистону Покистон;
– Протокол оид ба ворид намудани рӯйхати нави молҳо ба Созишнома дар бораи савдои преференсиалӣ;
– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи хизматрасониҳои бандарӣ ва додани тахфифҳо;
– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи кӯҳконӣ ва геология;
– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар самти тадқиқот ва рушду такмили соҳаи кишоварзӣ;
– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар бахши назорати маҳсулоти дорусозӣ;
– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ;
– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва иттилоотӣ;
– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг;
– Созишнома дар бораи ҳифз, омӯзиш ва таблиғи мероси илмӣ-маърифатӣ, фарҳангӣ ва меъмории сулолаи бузурги Бобуриён;
– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш;
– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти радиатсионӣ ва ҳастаӣ;
– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи экология ва офатҳои табиӣ;
– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар идоракунии ҳолатҳои фавқулода;
– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо коррупсия;
– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва навъҳои нави психоактив, инчунин прекурсорҳои онҳо;
– Созишнома дар бораи интиқоли шахсони аз озодӣ маҳрумшуда барои идомаи адои ҷазо;
– Протокол дар бораи талаботи фитосанитарӣ барои содироти себ, анҷир, лимӯ ва қаламфури тару тоза аз Ӯзбекистон ба Покистон барои истеъмол;
– Харитаи роҳ байни вазоратҳои мудофиаи ду кишвар.
Ҳамчунин созишномаҳо дар бораи таъсиси Шӯрои коршиносони Ӯзбекистону Покистон, ҳамкории Вазорати иқтисод ва молияи Ӯзбекистон бо Идораи рушди соҳибкории хурду миёнаи назди Вазорати саноат ва истеҳсоли Покистон, ҳамкории ҳокимияти шаҳри Тирмиз бо маъмурияти шаҳри Пешовар, ҳокимияти шаҳри Самарқанд бо маъмурияти шаҳри Исломобод, Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Институти тадқиқоти стратегии Исломобод, Донишгоҳи шарқшиносии Тошканд бо Донишгоҳи Пешовар ба имзо расиданд.