Ҳолати кунунӣ ва самтҳои муҳими густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Покистон, таҳкими дӯстӣ ва шарикии стратегӣ баррасӣ шуданд.

Дар оғози вохӯрӣ Осиф Алӣ Зардорӣ Сарвари давлати моро ба муносибати бомуваффақият баргузор гардидани ҷамъомади нахустини Шӯрои ҳамкориҳои стратегӣ табрик гуфта, таъкид намуд, ки ин сафари давлатӣ аҳамияти таърихӣ дошта, ба амиқтар гардидани муносибатҳои дуҷониба суръати нав мебахшад.

Ислоҳоти густурдаи иҷтимоиву иқтисодие, ки дар доираи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав то соли 2030 амалӣ мегарданд, баланд арзёбӣ шуданд.

Робитаҳои фаъол дар сатҳҳои гуногун бо қаноатмандӣ зикр шуд. Ҳаҷми гардиши мол ва шумораи корхонаҳои муштарак пайваста меафзояд. Дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт лоиҳаҳои ҳамкорӣ татбиқ мегарданд.

Дар доираи омодагӣ ба нишасти Исломобод ҷамъомади Комиссияи байниҳукуматӣ ва машваратҳои сиёсӣ босамар баргузор шуданд.

Аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ, аз ҷумла таҳкими муколамаи сиёсӣ, рушди робитаҳои савдо-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин фаъол намудани мубодилаҳои соҳибкорӣ таъкид гардид.

Масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи чорабиниҳои муштарак ҷиҳати ба 2 миллиард доллар расонидани ҳаҷми савдои мутақобила дар ояндаи наздик муфассал баррасӣ шуданд.

Ба рушди ҳамкориҳои байни минтақаҳо диққати махсус дода шуд. Аз рӯйи имсол дар Хива гузаронидани ҷамъомади аввалини Форуми байниминтақавӣ ба мувофиқа расиданд.

Перомуни таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Ҷонибҳо мавқеи муштараки худро оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин идомаи дастгирии мутақобила бори дигар тасдиқ карданд.

Инчунин, омодагии қатъӣ доштани ҷонибҳо ба густариши минбаъдаи мубодилаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои таълим, экология, варзиш ва дигар самтҳо таъкид гардид.

Дар анҷоми музокирот Шавкат Мирзиёев аз Осиф Алӣ Зардорӣ даъват кард, ки ба Ӯзбекистон ташриф орад.