Президентҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар Хива бо корхонаи бузурги қолинбофӣ шинос шуданд

    Президент Шавкат Мирзиёев ва Президент Қосим-Жомарт Тоқаев ба комбинати қолинбофии «Хива гиламлари» ташриф оварданд.

    Корхонаи соли 2020 бунёдёфтаи арзишаш 24 миллион доллар ҳамасола 4,2 миллион метри мураббаъ қолин ва маҳсулоти қолинӣ истеҳсол карда, ба ИМА, Чин, Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ИДМ содир менамояд.

    Дар комбинат таҷҳизоти муосири Олмон, Белгия, Австрия, Швейтсария, Италия, Фаронса ва Туркия насб карда шудааст. 750 кас бо кор таъмин гардидааст.

    Президентҳо бо раванди истеҳсолӣ ва "шоурум", инчунин намоишгоҳи маҳсулоти Ӯзбекистон таҳти бренди «Made in Uzbekistan», ки дар ҳудуди комбинат ташкил карда шудааст, шинос шуданд.

    Ба вазорату идораҳои дахлдор супурда шуд, ки мубодилаи таҷриба намуда, кооператсия ва савдоро инкишоф диҳанд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates