Сарвари давлати мо таъкид кард, ки формати Шӯрои Олии байнидавлатӣ, ки дар соли 2024 таъсис ёфтааст, аҳамият ва самаранокии худро пурра нишон дод.

– Имрӯз муносибатҳои мо ба сатҳи баланди шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии воқеӣ расидаанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ҷонибҳо самтҳои нави ҳамкорӣ, роҳҳои истифодаи потенсиали дуҷонибаро ба таври муфассал баррасӣ намуданд ва як қатор қарорҳоро қабул карданд, ки ба густариши шарикии Ӯзбекистону Қазоқистон такони ҷиддӣ мебахшанд.

Ба таъмини рушди устувори гардиши мутақобилаи мол, диверсификатсияи сохтори он ва фароҳам овардани шароити мусоид барои бизнес таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз аввали сол гардиши мол ба 4 миллиард доллар расид. Ҳадаф гузошта шудааст, ки ин нишондиҳанда то соли 2030 ба 10 миллиард доллар расонида шавад.

Барои амалӣ кардани ин ҳадаф ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё гардидааст, бастаи калони созишномаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ омода шудааст, ширкати «УзКазТрейд» таъсис ёфтааст ва механизмҳои ҳамкории мустақим байни доираҳои тиҷоратӣ роҳандозӣ шудаанд.

Сарвари кишвари мо дастовардҳои калони соҳаи ҳамкории саноатиро таъкид намуд.

Дар доираи ин сафар Маркази байналмилалии ҳамкории саноатии «Осиёи Марказӣ», инчунин як қатор лоиҳаҳои муҳим ба маблағи 1,3 миллиард доллар ба кор оғоз менамоянд. Ғайр аз ин, Барномаи бузурги ҳамкории саноатӣ ба маблағи бештар аз 8 миллиард доллар таҳия шудааст, ки лоиҳаҳоро дар соҳаҳои кимиё, геология, инфрасохтор, логистика, комплекси агросаноатӣ ва чандин самтҳои дигар дар бар мегирад.

Шарикии низомманд дар соҳаи нақлиёт ва логистика самти афзалиятнок муайян гардид. Зарурати кори муштарак оид ба таъсиси роҳҳои нави нақлиётӣ, аз ҷумла масири Учқудуқ – Қизилорда, инчунин ҳавасмандгардонии боркашонӣ дар бандарҳои Ақтау, Қуриқ ва Хоргос таъкид карда шуд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории муфид дар соҳаи интиқол ва коркарди захираҳои энергетикӣ, сарфаи энергия, ҷорӣ кардани технологияҳои «сабз» ва IT изҳор намуданд.

Барои таҳкими ҳамкории минбаъда дар соҳаи обу экология чораҳои муассир андешида хоҳанд шуд. Ҷонибҳо имзои Созишнома оид ба идора ва истифодаи муштараки объектҳои обии сарҳадиро, ки дар доираи сафар ба имзо расид, истиқбол намуданд.

Роҳбарон нақши вижаи робитаҳои гуманитариро қайд карданд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имсол дар Алмаато ва Остона як қатор чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ — балети «Лазгӣ», намоишгоҳи рассомон, форуми адибон, фестивали ҷавонон, инчунин Рӯзҳои тибби Қазоқистон дар Ӯзбекистон ва Рӯзҳои Остона дар Тошканд — бомуваффақият баргузор шуданд.

Созиш ҳосил гардид, ки мубодила байни муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, созмонҳои ҷавонон идома дода шавад ва барномаҳои муштараки байни муассисаҳои таълими олӣ густариш дода шаванд.

Ҳамчунин, аҳамияти таҳияи роҳҳои муштараки сайёҳӣ ва тарғиби ёдгориҳои таърихӣ, мероси ғании фарҳангӣ ва маънавии Ӯзбекистону Қазоқистон таъкид гардид.

Ҳисоботи муовинони сарвазирон, вазирони энергетика, нақлиёт ва фарҳанг оид ба масъалаҳои рӯзномаи музокирот шунида шуд.

Дар натиҷа як қатор қарорҳои муҳимми ҷаласаи дуюми Шӯрои Олии байнидавлатӣ қабул гардиданд.