Ба Аълоҳазрат ҷаноби В.В. Путин,

Президенети Федератсияи Русия

Муҳтарам Владимир Владимирович!

Шумо ва мардуми бародари Русияро ба муносибати 30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия табрик мегӯям.

Солҳои охир мо бо саъю кӯшиши муштарак ҳамкориҳои Ӯзбекистону Русияро ба сатҳи бесобиқаи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ расонида, риштаҳои дӯстии халқҳоямонро боз ҳам таҳким бахшидаем.

Имрӯз ҳамкории Ўзбекистон ва Русия дар асоси принсипҳои ошкорбаёнӣ, боварӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар фаъолона инкишоф меёбад.

Механизмҳои беназире таъсис дода шудаанд, ки самаранокии худро собит намуда, имкон медиҳанд, ки дар ҳама самтҳои асосии ҳамкории амалии мо муколамаи зич ва доимӣ ба роҳ монда шавад.

Савдои байниҳамдигарӣ ба дараҷаи рекордӣ расид. Лоиҳаҳои калони кооператсияи саноатӣ ба амал бароварда мешаванд. Ҳамкориҳои башардӯстона инкишоф ёфта, дар соҳаҳои тандурустӣ, илм, фарҳанг, санъат ва маориф робитаҳо барқарор мешаванд.

Мо ният дорем, ки муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Русияро ба манфиати кишварҳову халқҳоямон минбаъд низ пайваста инкишоф диҳем ва таҳким бахшем.

Ба шумо саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои нав ва ба мардуми дӯсти Русия беҳбудӣ ва шукуфоӣ таманно дорам.

Бо эҳтироми амиқ,

Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии  Ӯзбекистан

***

Ба Аълоҳазрат  ҷаноби Ш.М. Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам Шавкат Миромонович!

 

Табрикоти самимии маро ба муносибати 30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳои мо қабул фармоед.

Дар даҳсолаҳои охир Русия ва Ӯзбекистон дар ҳамкориҳои судманд дар тамоми соҳаҳо таҷрибаи назаррас ҷамъ оварда, ҳамкориҳои созандаро дар доираи ИДМ, СҲШ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ба роҳ монда, талошҳоро дар муқовимат бо таҳдиду даъватҳо ба амнияти минтақа ҳамоҳанг кардаанд.

Итминон дорам, ки мо шарикии стратегӣ ва иттифоқии Русия ва Ӯзбекистонро минбаъд низ аз ҳар ҷиҳат таҳким хоҳем дод. Ин, бешубҳа, ба манфиатҳои халқҳои дӯсти мо ҷавобгӯ буда, дар маҷрои  таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ пеш бурда мешавад.

Ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, аз самими қалб саломатии бардавом ва барори кор, ба ҳамаи шаҳрвандони Ӯзбекистон рӯзгори обод ва шукуфоӣ орзумандам.

Бо эҳтиром,  

Владимир Путин,

Президенти Федератсияи Русия