Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Абдулазиз раҳбари кишварамонро раҳбарони музофоти Макка, вазири сармоягузорӣ Холид ал-Фолиҳ ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Маросими вохӯрии расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар қасри «Қаср ас-Салом»-и шаҳри Ҷидда баргузор шуд.
Раҳбари давлатамонро Валиаҳди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон Ол Сауд пешвоз гирифт.
Ба шарафи меҳмони олӣ қаровули фахрӣ саф орост. Гимнҳои давлатии ҳар ду мамлакат навохта шуданд.
Сипас музокироти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Валиаҳди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон Ол Сауд ба амал омад.
Дар оғози мулоқот роҳбари Ӯзбекистон ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз Ол Сауд саломи самимӣ ва беҳтарин орзуҳои худро расонд.
Вусъат ёфтани алоқаҳо дар сатҳҳои гуногун бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорон мунтазам баргузор мешаванд. Ҳаҷми савдо меафзояд, корхонаҳои муштарак ташкил карда мешаванд.
Ҳамзамон, кишварҳои мо барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳо, пеш аз ҳама дар соҳаи тиҷорату иқтисод имкониятҳои бузург доранд.
Президенти Ӯзбекистон изҳори боварӣ кард, ки нахустин сафари давлатии ӯ ба Арабистони Саудӣ барои ин имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Музокирот дар сатҳи олӣ умумияти ақидаҳо ва саъю кӯшишро равшан нишон дод. Ба Барномаи давлатии «Нигоҳ 2030», ки дар Арабистони Саудӣ бомуваффақият амалӣ мегардад, баҳои баланд дода шуд. Он ба ҳадафу вазифаҳои Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав оид ба трансформатсияи тамоми соҳаҳои ҷомеа мувофиқ аст. Кишварҳои мо ба татбиқи тамоюлҳои иқтисодиёти рақамӣ ва “сабз” таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.
Ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ карданд.
Зарурати фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоидтар барои таҳкими робитаҳои доираҳои тиҷоратӣ, зиёд кардани ҳаҷм ва диверсификатсияи сохтори савдои мутақобила қайд карда шуд. Яке аз қадамҳои муҳим дар ин самт ҷорӣ кардани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ба Ӯзбекистон хоҳад буд.
«Ман итминон дорам, ки мулоқоти таърихии имрӯза ҳамчун як бонги пурқувват барои ғанӣ гардондани ҳамкориҳои мо ва таҳкими робитаҳои корӣ хизмат хоҳад кард. Соҳибкорони кишварҳоямон натиҷаҳои музокироти моро бесаброна интизоранд” — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президенти мамлакатамон ширкатҳои бунуфузи саудиро ба фаъол иштирок кардан дар раванди хусусигардонии бонкҳои тиҷоратӣ, объектҳои бузурги саноатӣ ва инфрасохтори Ӯзбекистон даъват кард.
Дар густариши ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва нефту кимиё манфиати тарафайн изҳор карда шуд. Ҳоло дар якҷоягӣ бо ширкати ACWA Power татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ба маблағи 2 миллиарду 600 миллион доллар оғоз шудааст. Шарикӣ бо ширкати Sabic дар саноати кимиё дурнамои умедбахш дорад.
Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаҳои нақлиёт, обтаъминкунӣ, рушди шабакаҳои барқ, соҳаи иҷтимоӣ дар минтақаҳои Ӯзбекистон бо иштироки Фонди рушди Саудӣ баррасӣ шуданд.
Бомуваффақият гузаштани ҷаласаи навбатии Шӯрои соҳибкорони Ӯзбекистону Саудӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Бинобар натиҷаи он ба беш аз 14 миллиард доллар дар соҳаҳои энергетика, кимиё, электротехника, оид ба рушди инфрасохтор, кишоварзӣ, дорусозӣ, технологияҳои иттилоотӣ, нақлиёт созишномаву шартномаҳо ба имзо расиданд.
Дар вохӯрӣ ба таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хоса дода шуд. Аз ҷумла, имрӯз беш аз даҳ ҳазор донишҷӯёни Ӯзбекистон забони арабиро, ки забони расмии Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб мешавад, меомӯзанд.
Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Музокараҳо ба ҳам шабоҳат доштани нуқтаи назар ва муносибатҳои Ўзбекистон ва Арабистони Саудиро бинобар як қатор ҷанбаҳо нишон доданд. Давлатҳои мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамдигарро доимо дастгирӣ мекунанд. Ӯзбекистон аз номзадии Ар-Риёд, пойтахти Арабистони Саудӣ ба мизбонии Намоишгоҳи ҷаҳонии “Экспо–2030” пуштибонӣ мекунад.
Омодагӣ барои роҳандозии муколама дар соҳаи амният, кумаки муштарак дар таҳкими сулҳ дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиёти ин кишвар изҳор карда шуд.
Президенти Ӯзбекистон аз мақоми шарик оид ба муколама дар Созмони ҳамкориҳои Шанхайро гирифтани Арабистони Саудӣ истиқбол кард.
Дар натиҷаи гуфтушунид мубодилаи ҳуҷҷатҳои имзошуда сурат гирифт.
Изҳороти муштарак дар бораи минбаъд васеъ гардондани муносибатҳои шарикии васеъмиқёс байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қабул гардид.
Дар сатҳи ҳукуматҳо ва вазоратҳои ду кишвар 15 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, гумрук, авиатсияи гражданӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, муносибатҳои меҳнатӣ ва ғайра ба имзо расид.
Ба шарафи сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз номи Шоҳ Салмон бин Абдулазиз Ол Сауд зиёфати давлатӣ баргузор шуд.