Роҳбарони Ӯзбекистон ва Туркия ба муносибати иди Рамазон якдигарро табрик карданд

    Ҳукумат 2 May 2022 4187

    2 май Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Сарони давлатҳо ҳамдигарро ва мардуми бародари кишварҳои моро ба муносибати фарорасии иди барои тамоми ҷаҳони мусулмонон муқаддас Рамазон самимона табрик гуфта, аз самими қалб сулҳу субот ва шукуфоӣ орзу намуданд.

    Натиҷаҳои пурсамари сафари сатҳи олӣ ба Ӯзбекистон дар моҳи марти соли ҷорӣ, ки имкон дод, ки муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бароварда шаванд, бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуд.

    Мубодилаи пуршиддати ҳайатҳои вакилон давом дорад. Аз аввали сол ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ қариб 20 фоиз афзуд. Дар мамлакатамон бо иштироки ширкатҳои бонуфузи Туркия татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ оид ба созмон додани истеҳсолоти замонавии саноатӣ ва навсозии инфрасохтор идома доранд. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои таълим, фарҳанг ва гуманитарӣ густариш меёбад.

    Роҳбарони Ўзбекистон ва Туркия инчунин оид ба масъалаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои омодагӣ ба ҳамоиши навбатии Созмони давлатҳои туркиро мавриди муҳокима қарор доданд.

    Суҳбати телефонии президентҳо дар фазои анъанавии эътимоднок ва дӯстона сурат гирифт.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates