Раҳбарони Ӯзбекистон ва Туркманистон рафти татбиқи қарордодҳоро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 28 Noyabr 2021 4046

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар чорабиниҳои ҳамоиши Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба шаҳри Ашқобод омад.

    Дар фурудгоҳи пойтахт Сарвари давлатамонро Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов пешвоз гирифт. Баъд аз он гуфтушуниди роҳбарони мамлакатҳои мо cap шуд.

    Дар оғози суҳбат Президенти Ӯзбекистон роҳбари Туркманистон ва мардуми бародари туркманро бо ҷашни дарпешистодаи миллӣ – Рӯзи бетарафӣ самимона табрик гуфт.

    Масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои неки ҳамсоягии дуҷониба ва шарикии стратегӣ баррасӣ шуданд.

    Ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ тибқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ дар моҳи октябри соли ҷорӣ ҳосилшуда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд.

    Инчунин доир ба рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба табодули афкор сурат гирифт. Президенти Ӯзбекистон ба раёсати пурсамари Туркманистон дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ баҳои баланд дода, бо муваффақият баргузор намудани нишасти Ашқободро таманно кард.

    Баъд маросими тантанавии мулоқот барпо гардид. Сарони давлатҳо аз пеши қаровули фахрӣ гузаштанд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates