Дар ин рӯзи таърихӣ мо нақш ва аҳамияти Қонуни асосиро дар зиндагии худ — ҳамчун кафили тамоми ҳуқуқу озодиҳо, сулҳу суботи кишвар, ваҳдату ҳамдилӣ ва бебозгашт будани ислоҳоти демократӣ бо дарки амиқ эҳсос менамоем.
Қоидаҳо ва меъёрҳои дар Конститутсия мустаҳкамгардида, ки таҷассуми тафаккури сиёсиву ҳуқуқӣ ва иродаи озоди мардуми мо мебошанд, бешубҳа, барои ҳамаи мо манбаи қувва, итминон ва рӯҳбаландӣ дар роҳи бунёди Ӯзбекистони нав хизмат мекунанд.
Исботи амалии тамоюли конститутсионии — халқ ягона манбаи ҳокимияти давлатӣ астро — мо қабл аз ҳама дар мисоли фаъолияти парлумони миллӣ, ки ба он ваколат ва салоҳиятҳои боз ҳам фарох дода шудаанд, инчунин Шӯроҳои вилоятӣ, ки бори аввал раисоне, ки аз ҷумлаи вакилони Шӯроҳои маҳаллӣ ва ниҳоди маҳалла интихоб шудаанд, роҳбарӣ мекунанд, нақш ва салоҳияти онҳо дар идоракунии давлатӣ торафт меафзояд, мушоҳида менамоем.
Бояд махсус қайд кард, ки имсол парлумони нав қонунҳоеро қабул намуд, ки ба фаъолияти судҳо, таҳкими кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, инчунин ба таҳкими фазои дӯстӣ ва ҳамдилӣ дар кишвар, масъалаҳои ҷомеаи фарогир, ҷавонон, занон, ҳифзи манфиатҳои қашшоқон, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ марбутанд.
Шӯроҳои маҳаллӣ низ дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии минтақаи худ фаъолона саҳм мегузоранд. Дар ин давра зиёда аз 25 ҳазор масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул шудаанд ва ба шахсони мансабдор тақрибан 14 ҳазор дархости депутатӣ ирсол гардидааст.
Барои он ки мақоми намояндагӣ воқеан минбари халқ, овози халқ гардад, аз 1 январи соли 2026 мо тадбирҳои заруриро оид ба ҷудо намудани вазифаҳои ҳокимон ва раисони Шӯроҳои дахлдор дар ноҳияҳо ва шаҳрҳо амалӣ мекунем.
Ба тамоюлҳои конститутсионии ҳокимияти халқ, демократияи намояндагӣ, волоияти Конститутсия ва қонун пайравӣ намуда, мо ислоҳотро дар ин самт боз ҳам қатъӣ идома медиҳем.
Дӯстони гиромӣ!
Тавре маълум аст, дар солҳои охир дар кишвари мо ба ҳимояи шаъну шараф, ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон аҳамияти бениҳоят муҳим дода мешавад. Имсол дар рафти чорабиниҳои идона, ки ғояи наҷиби «Конститутсия – кафили шаъну шарафи инсон, озодӣ, баробарӣ ва адолат!»-ро инъикос мекунанд, дастовардҳои мо дар ин самт ҳамаҷониба таҳлил мегарданд ва вазифаҳои наву мубрами пешомада муайян карда мешаванд.
Ба натиҷаҳои дар тамоми соҳаҳо бадастомада баҳо дода, бояд махсус таъкид кард, ки дар асоси онҳо пеш аз ҳама принсипҳои башардӯстӣ қарор доранд. Агар ба далелҳо муроҷиат кунем, мебинем, ки имсол даромад ба ҳар сари аҳолӣ 3500 долларро ташкил дод, фарогирии таҳсилоти томактабӣ ба 78 фоиз, фарогирии таҳсилоти олӣ ба 42 фоиз расид, давомнокии миёнаи умри шаҳрвандони мо аз 73,8 сол то 75,1 сол баланд гардид, ва чунин мисолҳо хеле зиёданд.
Мутобиқи Конститутсия, корҳои бузург оид ба иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва бунёди давлати иҷтимоӣ дар кишвари мо амалӣ мегарданд. Масалан, зиёда аз 1 миллион шаҳрванд аз камбизоатӣ бароварда шуданд, сатҳи камбизоатӣ то 6,6 фоиз паст гардид.
Ислоҳоти фарогири мо дар самти рушди устувори иқтисод, таъмини сатҳи шоистаи зиндагӣ, ташкили низоми ҳуқуқии боэътимод ва ҷомеаи боз ба таври васеъ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида истодаанд.
Соли 2025 тибқи Индекси ҳадафҳои рушди устувор Ӯзбекистон 19 зина боло рафта, ба қатори кишварҳое шомил шуд, ки дар минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ аз ҳама суръати баланди пешрафтро дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор нишон доданд. Дар Индекси ҷаҳонии инноватсионӣ кишвари мо ба сегонаи пешсаф дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ворид шуд. Оҷонсҳои байналмилалии «S&P», «Fitch» ва «Moodyʼs» рейтинги қарзии давлатии Ӯзбекистонро баланд бардоштанд.
Бори аввал дар 40 соли охир форуми бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО Конференсияи генералӣ — берун аз Париж, дар Самарқанд, бомуваффақият баргузор гардид, ки ин низ ҳамчун рӯйдоди муҳим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд.
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз ислоҳоте, ки мо амалӣ мекунем, ба марҳилаи ҳалкунанда ворид гардидаанд, ва мо бояд ҳар як меъёри Конститутсияро ба меъёри фаъолияти амалӣ дар давлат ва ҷомеа табдил диҳем. Вазифаи фавқулодда муҳими мо — фаҳмондани ҳамаҷонибаи моҳият ва мазмуни Қонуни асосӣ ба ҷавонон, тарбияи онҳо дар асоси арзишҳои конститутсионӣ ҳамчун ватанпарварони ҳақиқӣ бо худшиносии баланд, тафаккури сиёсӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад.
Мо бояд ба Конститутсия ва қонунҳо эҳтироми амиқ дошта бошем, донишҳои ҳуқуқӣ ва таҷрибаи амалии мустаҳкам дошта бошем, танҳо дар ин сурат мо метавонем дар идоракунии корҳои давлат ва ҷомеа фаъолона иштирок намоем ва қарзи фарзандии худро нисбат ба Ватан ва мардум сарбаландона иҷро кунем. Танҳо дар ҳамин ҳолат қувваи ҳаётбахш ва неруи созандаи Қонуни асосии мо боз ҳам равшантару пурқувваттар мегардад.
Бори дигар ҳамаи шуморо аз самими қалб бо ин иди бузурги Конститутсия, ки ба рамзи истиқлолияти миллӣ ва ифтихори умумии мо табдил ёфтааст, табрик мегӯям.
Ба шумо, ҳамватанони азиз, саломатӣ, хушбахтӣ, комёбиҳо, сулҳ ва баракатро дар хонадонҳоятон орзу мекунам.
Шаъну шараф ба мардуми шуҷоъу бузурги мо — офарандаи Конститутсия ва созандаи ҳамаи дастовардҳои мо!
Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон








