Табрик ба халқи Ӯзбекистон ба муносибати Иди Қурбон

    Ҳукумат 8 Iyul 2022 5778

    Ҳамватанони муҳтарам!

    Самимона аз таҳти дил шумо, падар ва модарони муҳтарам, бародар ва хоҳарони азиз, ҷавонон, тамоми мардумамонро бо ҷашни бузурги Иди қурбон, ки онро мо якҷоя бо тамоми олами ислом бо хушнудии том пешвоз мегирем, табрик менамоям ва бароятон беҳтарин таманноҳоро изҳор мекунам.

    Дар ин рӯзҳои дурахшон, мо пеш аз ҳама, аз Худованд сипосгузорем, ки ҳамаамон бо ҳам Иди қурбон – ҷашни Ийд ал-Адҳаро дар фазои сулҳ ва фараҳмандӣ пешвоз мегирем.

    Ҳамаи мо хуб медонем, ки ислом дини сулҳ, некӣ ва инсонпарварӣ аст.

    Ҳидоят ба сулҳ дар бештар аз сад ояти Қуръони муқаддас садо медиҳад. Ҳамин тариқ дар сураи «Бақара» гуфта мешавад: «Оне, ки имон овардаед! Ба сулҳ азм намоед!»

    Воқеан дар шароити имрӯзаи хеле мураккаб ва ноором барои ҳар як мусалмон, ҳар як инсоне, ки дар мамлакатамон иқомат дорад, қадр намудан ва ҳифз кардани сулҳу субот аз ҳарвақта муҳимтар ба шумор меравад.

    Боварӣ дорам, ки иҷрои ин вазифаи бошараф ва муқаддас барои ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон чун амри дил ва қарзи инсонӣ гардида, барои пурзӯр намудани истиқлолиятамон, таъмини сулҳ, ҳаёти озод ва фараҳноки халқ, ояндаи фарзандонамон хидмат хоҳад кард.

    Дӯстони азиз!

    Ин ҷашн, ки дар худ чунин мафҳумҳои муқаддас, чун эъзози аз ҳама азиз ва арҷгардандаи офаридаи Худованд – инсон, шаън ва қадри онро таҷассум менамояд, комилан бо ислоҳоти доманфарохе, ки дар Ӯзбекистон ба хотири манфиатҳои инсон, ба вуҷуд овардани ҳаёти муносиби мардумамон ба амал меояд, бинобар моҳият ва муҳтавояш ҳамоҳанг аст.

    Дар солҳои охир дар мамлакат ба барқарорсозӣ ва рушди ҳамаҷонибаи арзишҳои миллӣ ва динӣ эътибори калон нигаронда мешавад.

    Ободгардонии зиёратгоҳҳо ва маҳалҳои муқаддас, масҷид ва мадрасаҳои қадима, омӯзиши амиқ ва ба тариқи васеъ оммавигардонии мероси беназири маънавиву маърифатии ниёгони бузургамон аз ҷониби ҳамватанон ва ҷомеаи ҷаҳон боиси эътироф мегардад.

    Ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон дар соҳаи дин таъмин гардида, мусулмонони мамлакат таомулҳои диниро озодона анҷом медиҳанд.

    Махсус таъкид бояд кард, ки пас аз маҳдудияти ду соли охир, ки бо пандемияи коронавирус вобаста буд, имсол 12 ҳазор шаҳрвандонамон имконият пайдо намуданд, ки ҳаҷҷи муқаддасро анҷом диҳанд, дар шаш моҳи охир қариб 40 ҳазор мусулмонони Ӯзбекистон зиёрати умраро анҷом доданд.

    Дар солҳои охир бинобар анъанаи неке, ки дар мамлакат ба вуҷуд омадааст, ба муносибати Иди қурбон рӯзҳои бариловаи истироҳатӣ эълон гардид, ки ин ба ҳамватанонамон имконият медиҳад идро бомазмун якҷоя бо хонаводаҳо ва қарибон гузаронда, ба сафарҳо ва тамошоҳои аҷиб дар доираи маконҳои дидании Ватани зебоямон бипардозанд.

    Ҳамаи мо бо он ифтихор дорем, ки дини муқаддаси ислом ва арзишҳои носутурдании он, анъанаҳои қадимии Иди қурбон, ки чунин сифатҳои барои халқамон хос, мисли эҳтироми ҳамдигар, некӣ ва шафқат, дар ҳавои сулҳу сафо зистан ва некманиш буданро боз ҳам пурзӯр менамояд, ончунон мисли қувваи маънавие хидмат менамояд, ки назир надорад ва вакилони миллат ва мардумони мухталифро муттаҳид месозад.

    Аз фурсат истифода намуда, бо ин ҷашни муқаддас мусулмонони кишварҳои дуру наздики хориҷӣ, тамоми дӯстон ва шариконро табрик намуда, барояшон сулҳ, пешрафт ва шукуфоӣ таманно дорам.

    Ҳамватанони муҳтарам!

    Бори дигар шуморо бо Иди муқаддаси қурбон табрик менамоям.

    Бигзор дар ин ҷашни дурахшон тамоми орзуву омоли неки мардумамон ҷомаи амал пӯшад!

    Бигзор дар мамлакатамон сулҳ ва оромӣ ҳамеша ҳукмрон бошад!

    Бигзор Худованд ҳамеша Ватани дӯстдоштаи моро ҳифз намояд, дар ҳар гуна кори нек мардуми бошараф ва меҳрубонамонро мададгор бошад!

    Шавкат Мирзиёев,

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates