Кӯли Урмия пурра хушк шуд

    Кӯли Урмия, ки дар вилояти Озарбойҷони Ғарбии Эрон ҷойгир аст, пурра хушк шудааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии TRT-и Туркия хабар додааст.

    Ба гуфтаи манбаъ, тасвирҳои моҳвораие, ки хушкшавии яке аз бузургтарин кӯлҳои намакдори ҷаҳон – кӯли Урмияро нишон медиҳанд, дар расонаҳои Эрон паҳн шудаанд.

    Қаблан мақомоти Эрон гуфта буданд, ки агар чораҳои андешидашуда натиҷа надиҳанд, кӯл то охири тобистон хушк хоҳад шуд.

    Гарчанде маъмурияти Теҳрон барои эҳёи кӯл аз буҷа 6 миллиард доллар ҷудо карда, як лоиҳаи бузурги экологиро оғоз намуда буданд, бинобар хушксолие, ки дар кишвар идома дорад, ба натиҷаи дилхоҳ даст наёфтанд, хабар медиҳад

    report.az.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates