Вазифаҳои рӯзмарра барои бехавфии озуқаворӣ ва таъминоти энергетикӣ муайян карда шуданд

    Ҳукумат 11 Avgust 2023 4661

    11 август дар шаҳри Бухоро таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев бинобар масъалаи таъмин сохтани нархи мунтазам аз тариқи зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо захираҳои кафолатноки энергетикӣ машварати видеоселекторӣ ба амал омад.

    Зимистони қаҳратун ва обу ҳавои гарми ғайримуқаррарӣ сабаби як қатор мушкилот гардиданд. Бинобар ҳамин ҳам аллакай аз ҳозир бояд ба зимистони пешистода тайёрӣ дида, захираи кофии хӯрокворӣ ҷамъ оварда, низоми мунтазами энергетикӣ таъмин карда шавад, таъкид шуд дар ҷамъомад.

    Солҳои охир аз ҳисоби коҳиш додани майдонҳои кишти пахта ва ғалла ба аҳолӣ 200 ҳазор гектар замин барои кишоварзӣ ҷудо карда шуд, ки омили муҳими зиёд шудани маҳсулоти хӯрокворӣ гардид. Дар натиҷа 700 ҳазор нафар бо кори доимӣ, боз 1,3 миллион нафар бо кори мавсимӣ таъмин шуданд. Даромади 605 ҳазор фермер афзуд. Миқдори ноҳияҳое, ки худро бо картошка, пиёз ва сабзӣ таъмин месозанд, меафзояд.

    Ҳамзамон бисёр ноҳия ва шаҳрҳо аз минтақаҳои дигар сабзавот, гӯшт ва тухм мегиранд. Ба ҳокимон дуруст ба роҳ мондани истифодаи заминҳои ҷудошуда даст намедиҳад.

    Бинобар ин роҳбари давлат дар самти мазкур ташаббусҳои навро эълон кард.

    Мушаххас шуд, ки минбаъд муҳлати иҷораи 73 ҳазор гектар замине, ки барои 10 сол ҷудо карда шудаанд, то 30 сол дароз карда мешавад. 100 ҳазор гектар чарогоҳҳои истифоданашаванда ба аҳолии дорои чорво ба муҳлати 10 сол ба иҷора дода мешавад, майдони як қитъа на камтар аз 10 гектарро ташкил медиҳад.

    Ҳангоми ба аҳолии эҳтиёҷманди ба «Регистри ҳифзи иҷтимоӣ» дохилгардида, пешниҳод шудани замин, вай аз додани тамоми хелҳои пардохти замин озод карда мешавад.

    Супориш дода шуд, ки қитъаҳои барои аҳолӣ ношоям ба заминҳое, ки ба манбаи об ва нуқтаи аҳолинишин наздиканд, иваз карда, заминҳои нави кишт ба савдои шаффоф гузошта шаванд.

    Таъкид гардид, ки ин имкон медиҳад 1 миллион тонна маҳсулот тайёр карда шавад ва 800 ҳазор нафар бо даромади иловагӣ таъмин гарданд.

    Татбиқсозии барнома бобати парвариши ангур, каду, харбуза, тарбуз ва зироати сабзавот дар шафати майдонҳо, аз ин ҳисоб омода намудани 220 ҳазор тонна маҳсулоти иловагӣ, парвариши 600 ҳазор сар мурғи хонагӣ ва 300 ҳазор хонаи занбӯри асал баррасӣ гардид.

    Қайд шуд, ки боздоштани афзоиши нарх бояд аз ҳисоби вусъат додани парвариши зироатҳои такрорӣ ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот амалӣ карда шавад.

    Солҳои охир майдони гармхонаҳо дар мамлакат ду баробар, ҳаҷми маҳсулоти дар онҳо парваришшуда аз 90 ҳазор то 300 ҳазор тонна афзуд. Дар ин гармхонаҳо 150 ҳазор нафар бо меҳнати дорои музди баланд машғуланд.

    Вобаста ба ин муҳимияти муттасил расонда додани гармӣ ба гармхонаҳо дар мавсимҳои тирамоҳу зимистон, ҳамчунин, дар зарурат, ҷудо кардани вомҳо барои хариди он таъкид гардид.

    Дар ҷамъомад ҳамчунин вазифаҳои таъминоти кафолатноки аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо захираҳои энергетикӣ муҳокима гардиданд.

    Дар мамлакати мо бобати рушди энергетикаи «сабз» ва дар иқтисодиёт ҷорӣ намудани технологияи каммасрафи энергетикӣ корҳои зиёд татбиқ мегарданд.

    Дар давраи сипаришуда 430 МВт манбаи нави энергетикӣ ба истифода супурда шуд. Аз ин ҳисоб соле 1,2 миллиард киловатт-соат энергияи электрӣ тавлид мешавад, ки ба 60 фоизи талаботи солонаи иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ баробар аст.

    Ҳоли ҳозир дар иншооти иҷтимоӣ ва соҳибкорӣ, дар манзилҳои аҳолӣ панелҳои офтобии иқтидорашон 250 МВт насб карда шудаанд.

    Бо вуҷуди ин зарурати сарфаи захираҳои энергетикӣ меафзояд. Зарурияти то охири сол сарфа намудани 3,7 миллиард киловатт-соат энергияи электр ва 2,4 миллиард мукааб газ таъкид шуд.

    Вазифа гузошта шуд, ки дар нимсолаи дуюм 30 миллиард мукааб газ истихроҷ карда, захира дар захирагоҳҳои зеризаминии газ ҳадди ақалл то 3,5 миллиард метри мукааб зиёд карда шаванд, 41 миллиард киловатт-соат энергияи электр истеҳсол гардад.

    Барои куллан таъмир кардани шабакаҳои электрӣ ва трансформаторҳо, мустаҳкам намудани интизом дар соҳаи истифодаи захираҳои энергетикӣ супоришҳо дода шуданд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates