Пойгоҳи ҳавоии Баграми Афғонистон дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии Покистон осеб дидааст, хабар дод “The New York Times (NYT).

Тасвирҳои моҳвораӣ анборҳои вайроншудаи пойгоҳро нишон медиҳанд. Ин анборҳо дар давоми 20 сол маркази фармондеҳии маъракаи низомии Амрико дар Афғонистон буда, барои Толибон дороии арзишманд маҳсуб мешуданд, навиштааст нашрия.

Гуфта мешавад, ки дар қисми шимолии пойгоҳ ҳадди ақал ду анбори калон ва як ангари ҳавопаймо вайрон шудаанд.

1 март Қувваҳои ҳавоии Афғонистон ба корпуси артиши Покистон дар шаҳри Кветта зарба заданд. Бино ба иттилои ВАО, ин ҳамлаҳо посух ба бомбаборони шабонаи қаламрави Афғонистон будааст.

27 феврал Афғонистон эълон кард, ки алайҳи Покистон амалиёти низомӣ оғоз кардааст. Даргириҳо дар вилоятҳои Нангарҳор, Нуристон, Кунар, Хост, Пактия ва Пактика — дар минтақаҳои воқеъ дар хатти Дуранд (ки аз ҷониби Кобул ҳамчун сарҳади байни ду кишвар эътироф мешавад, аммо аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пурра тасдиқ нашудааст) шиддат гирифтанд.

Покистон низ задухӯрдҳоро тасдиқ намуда, гуфт, ки неруҳои амниятӣ маҷбур шуданд ба “тирандозии беасоси” Толибони Афғонистон посух диҳанд, хабар медиҳад gazeta.ru.