Лавҳаи "Духтари кокулдор" тарҳи нави кинотеатри "Premier Hall"-ро муайян мекунад

    Фарҳанг 21 Iyun 2021 697

    Интизор меравад, ки кинотеатри "Premier Hall", ки дар маркази пойтахт ҷойгир аст, ба яке аз ҷойгоҳҳои Ҷашнвораи байналмилалии кинои Тошканд  "Дурдонаи Роҳи абрешим" табдил меёбад. Ба ин далел Агентии кинематография дар мувофиқа бо иҷоранишинон тасмим гирифт, ки намои берунии биноро навсозӣ кунад.

    Ҳангоми корҳои таъмирӣ дар рӯи бино лавҳаи аҷиби кӯҳнаро пайдо карданд. Пас аз ин, Агентии кинематография мутахассисонро барои омӯзиши бозёфт даъват кард. Коршиносон тасдиқ карданд, ки лавҳа дарвоқеъ кошинкории "Духтари кокулдор" -и Алфред Мазитовро мемонад.

    Раиси Иттифоқи рассомон Акмал Нур ва коршиносон гуфтанд, ки лавҳаи бо нақшу нигор бояд барқарор карда шавад. Аз ин рӯ, қарор шуд, ки ин сурати рӯидеворро ҳифз намуда, дар заминаи лавҳаи "Духтари кокулдор" тарҳи нави бино таҳия карда шавад.

    Бо иҷоранишинон ва бинокорони манзил такроран музокирот гузаронда шуда, мувофиқи тарҳи нав дастурҳо дода шуданд. Қобили зикр аст, ки қаблан тарҳи комилан дигари бино ба нақша гирифта шуда буд ва дар ҷои лавҳаи ёфтшуда насби экран барои эълонҳо пешбинӣ шуда буд. Ҳоло маҳз "Духтари кокулдор" тарҳи нави биноро муайян мекунад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates