Дар Париж (Фаронса) Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпӣ ба охир расид. Намояндагони Ӯзбекистон ин мусобиқаҳоро, ки аз 28 август то 8 сентябр ташкил шуда буданд, бомуваффақият анҷом дода, соҳиби 10 медали тилло, 9 нуқра ва 7 биринҷӣ гардиданд.
Ин натиҷа дар таърихи варзишгарони паралимпии ватанӣ беҳтарин буд. Ҳайати мо бо ин нишондод дар ҳисоби медалҳо мақоми 13-умро гирифт. Мо пас аз Чину Ҷопон дар Осиё ҷои сеюмро ишғол кардем ва дар миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин кишварҳои узви ҳамбастагии исломӣ ва Созмони кишварҳои туркӣ ба мо баробар набуд.
Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон Кумитаи миллии паралимпии кишвар, тамоми параварзишгарони мо, мураббиён ва мухлисони онҳоро барои ба даст овардани натиҷаи таърихӣ дар Бозиҳои тобистонаи паралимпии Париж-2024 табрик мекунад.
Ҳайати Ӯзбекистон, ки дар ин бозиҳо ширкат дошт, имрӯз ба Ватан бармегардад.