Ҳайати парлумонии Ўзбекистон ба Озарбойҷон ташриф меорад

    Ҳайати парлумон таҳти сарварии Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева бо боздиди расмӣ дар давраи аз 29 июн то 2 июли соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ташриф меорад.

    Дар ҷараёни ин сафар ҳайати парлумонӣ мулоқотҳои дуҷониба баргузор намуда, нахустин форуми тиҷоратии занони соҳибкори Ӯзбекистону Озарбойҷон ташкил карда мешавад, ки ҳадафи он густариши имкониятҳои иқтисодӣ ва зарфияти занони ду кишвар мебошад.

    Ба ғайр аз ин, ширкат варзидани ҳайати Ӯзбекистон дар ҷамъомади Шабакаи парлумонии Ҷунбиши ҳамроҳнашавӣ ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates