Пароми мусофирбар дар наздикии соҳили Кореяи Ҷанубӣ ба шӯрӯғ нишаст

    Шоми 19 ноябр пароми мусофирбар, ки аз Чежу ба Мокпо ҳаракат мекард, дар қарибии ҷазираи Чансан дар соҳил бозмонд.

    Ба гузориши рӯзномаи маҳаллии “Kyeonggi Ilbo”, дар киштӣ 246 мусофир ва 21 узви экипаж — ҷамъ 267 нафар будаанд.

    Тибқи хабари рӯзнома, тахминан соати 20:17 бо вақти маҳаллӣ киштӣ ба сангҳои зериобӣ бархӯрда, ҳаракаташ қатъ шудааст. Хадамоти посбонии соҳил ба ҷои ҳодиса якчанд қаиқ фиристодааст. Маълум шудааст, ки паром дар қаторкӯҳҳои сангии зериобӣ дармондааст ва ҳоло мутахассисон корпуси киштиро тафтиш мекунанд, то шикаставу об ворид нашуда бошад. Наҷотдиҳандагон амалиёти эвакуатсияи мусофиронро идома медиҳанд. Дар бораи ҳалокшудагон ё маҷруҳон то ҳол маълумоте нест.

    Дар Кореяи Ҷанубӣ баъди фоҷиаи пароми “Севол” дар соли 2014 масъалаи амнияти баҳрӣ ҳассостар гардид. Он вақт киштӣ дар соҳили ҷанубу ғарбии кишвар чаппа гардида, ғарқ шуда буд ва дар натиҷа зиёда аз 300 нафар, ки аксар хонандагони мактабҳои миёна буданд ва саёҳат мекарданд, ҷони худро аз даст доданд, хабар медиҳад informburo.kz.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates